ВидеоТоҷикистон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА ВА ТАФСИЛОТИ ТАРКИШИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Яке аз роҳгузарон рӯзи 6 сентябри соли 2022 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” як порча видео аз маҳалли садама ва таркиши мошини газкашон дар километри 43-юми шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд – Чаноқро фиристод. Дар видео дида мешавад, ки мошин дар даруни дарё афтодааст, вале ҳамчунон аз он алангаи оташ ба ҳаво баланд шуда истодааст.  Ин ҳодиса дар мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб рӯй дода, боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани чандин нафар шудааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки нимаи аввали рӯзи 6 сентябри соли 2022, соати 10:30, дар километри 43-юми шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд – Чаноқ мошини газкашони тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 39 13 НА 01 РТ, таҳти идораи ронанда Шамсиддинов Амиршо, сокини ноҳияи Панҷ, шаҳраки Панҷ, бинобар сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти тормоздиҳӣ ба болои тарозуи плазаи толлингии “Ҳушёрӣ”, ки ба ширкати саҳҳомии IRS тааллуқ дорад, бархӯрда, ба дарёи Варзоб афтодааст ва сипас, таркидааст.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардошт ва  2 мошини дигар қисман зарар дидааст.
ВКД гуфт, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ корҳои таҳқиқӣ анҷом дода истодааст.

Ширкати IRS (Филиали “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон), ки масъулияти пулчинӣ ва нигоҳубини  шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд – Чаноқро дар даст дорад, дар саҳифааш дар Фейсбук тафсилоти бештари ин ҳодисаро нашр кард ва гуфт, дар ин ҳодиса 3 нафар ҳалок ва 4 тани дигар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, баъди аз кор баромадани тормозҳояш, мошин бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда, сипас ба дарё сарозер  шудааст. Дар ин байн ронанда худро аз мошин берун партофта, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол  дода шуд.

“Мутаассифона, баъд аз рух додани таркиш бо сабабҳое, ки баъдтар мақомоти дахлдор шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ду мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, як нафар зан зери автобуси самти ДушанбеПанҷакент монда, ҷон додааст. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ба беморхона интиқол дода шуданд”, хабар медиҳад ширкат.

IRS  дар айни замон овозаҳо дар мавриди ба автобус бархӯрдани мошини газкашонро беасос номида, хабар дод, ки “нақлиёти мусофиркаши мавриди назар ба дохили ҷӯйбори канори роҳ афтода, мусофирони он, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷӣ сиҳату саломатанд”.

IRS ба наздикону пайвандони нафарони фавтида изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хостааст ва ҳамчунин аз ронандагон хостааст, ки пеш аз сафар ба ҳолати техникии воситаи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то боиси пайомади ногувор нагардад.

Ширкат хабар дод, ки ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзами тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.

Шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо дигар қисматҳои Тоҷикистон, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар соли 2009, дар пайи бозсозии ин шоҳроҳ бо ҳудуди 300 миллион доллар қарзи Чин, ҳукумати Тоҷикистон ин роҳро пулакӣ карда, масъулияти ҳам пулчинӣ ва ҳам нигоҳубини онро ба ширкати IRS вогузор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button