ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ – ТОШКАНД 20% АРЗОНТАР КАРДА ШУД

Рӯзи 5 сентябри соли 2022 дар нишасти роҳбарони ширкатҳои роҳи оҳани Ӯзбекистону Тоҷикистон (“Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” ва “Роҳи оҳани тоҷик”) тасмим гирифта шуд, ки нархи чиптаи сафар бо қатори роҳи оҳани Душанбе-Тошканд-Душанбе» №301/302 иловатан 20% арзонтар карда шавад. Дар ин бораи хадамоти матбуоти ширкати “Ӯзтемирйӯловчӣ” (“Узжелдорпасс”), ки масъулияти нигоҳубин ва истифодаи роҳҳои оҳани Ӯзбекистонро бар ӯҳда дорад, хабар дод.

Дар сомонаи (“Ӯзбекистон темир йӯлларӣ”  ҳоло нархи сафар аз Тошканд ба Душанбе аз 478 ҳазору 440 сӯм (қариб 44 доллар) сар мешавад.
Ёдовар мешавем, нахустин қатори мусофиркаш аз Душанбе ба Тошканд баъди 30 соли танаффус моҳи июни соли 2022 омад. Масофаи ин хатсайри № 301/302  916 километр буда, тӯли сафар 21 соатро ташкил медиҳад.

Ин қатор аз пойтахти Тоҷикистон ҳар рӯзи душанбе ба роҳ баромада, ба Тошканд алакай рӯзи сешанбе, соати 13:43 мерасад. Ҳамин тавр, ҳар рӯзи сешанбе, соати 16:15 ин қатор аз  Тошканд ба қасди Душанбе ба роҳ мебарояд ва алакай рӯзи чоршанбе ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Қатор аз 10 вагон иборат буда, аз ҷумла 4 вагони купе, 5 вагони платскарт ва як вагон-ресторанро дар бар мегирад. Ин қатор, ки ҳафтае як маротиба ба роҳ мебарояд, чунин хатти сайр дорад: Душанбе – Қудуқлӣ – Сариосиё – Қумқӯрғон – Дарбанд – Деҳқонобод – Қаршӣ – Самарқанд – Ҷизах – Гулистон – Тошканд.

Рӯзи 2 июни соли ҷорӣ президентҳои ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд ба тавофуқ расиданд, ки алакай аз 20 июн ҳаракати қаторҳои мусофиркашро байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз нав ба роҳ биандозанд.

Қарори маълум, равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон дар даврони раҳбарии Ислом Каримов даврони мураккаби шабеҳи ҷанги сардро пушти сар карданд. Ӯзбекистон он вақт парози ҳавопаймоҳо ва автобусу қаторҳоро байни ду кишвар манъ карда, бо Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ кард ва марзҳояшро бо ин кишвар минакорӣ кард. Дар замони Каримов сатҳи табодули маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя низ ба ҳадди пасттарин пойин рафта буд ва солона ҳамагӣ ҳудуди 40 миллион долларро ташкил медод.

Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки  асли аҷдодаш аз  шимоли Тоҷикистон, аз деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст, равобити Тошканд бо Душанбе рӯ ба гармшавӣ овард.

Мирзиёев  режими визаро бо Тоҷикистон бекор кард ва гузаргоҳҳои қаблан басташуда дар марз бо ин кишварро аз нав кушод, парвози ҳавопаймоҳову ҳаракати автобусҳоро барқарор кард ва сатҳи харидуфурӯши маҳсулот байни ду кишвар низ, тавре Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди ахираш аз Тошканд таъкид кард, баъди даргузашти Ислом Каримов 40 маротиба боло рафта, ба 600 миллион доллар расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button