ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ 6-СОЛА ДАР НУРОБОД ВА 50 ҲАЗОРИ СОҲИБХОНАРО ДУЗДИДАНИ ЗАНИ ИҶОРАНИШИН

Шоми 4 сентябр бар асари дар кӯҳи паҳлуи деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод ба ҷарӣ чаппа шудани мошини боркаши тамғаи “ГАЗ-53”  як кӯдаки шашсола  ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххх

Як зани 29-солаи иҷоранишин дар шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз ҳуҷраи соҳиби хона  – зани 23-солаи сокини пойтахт – 50 ҳзаор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғ дар натиҷаи чаппа шудани автомашина

18

4-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ГАЗ-53”, Маҷидов Қудратулло Ҷумъаевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат аз самти мавзеи кӯҳии деҳаи Кабутиёни ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, автомашинаро ба чуқурии тахминан 3-4 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина, хурдсол Умари Насимҷон, соли таваллудаш 2016, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Муроҷиати шаҳрванд оид ба дуздии маблағ

000

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 23-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар хонаи истиқоматиаш иҷоранишин мебошад, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 50 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button