АфғонистонВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ҲАТТО КАФАНИҲОЯМ ДАР ДУШАНБЕ МОНД… ҚИССАИ ИХРОҶИ ЯК ХОНАВОДАИ ПАНОҲҶӮЁНИ АФҒОН АЗ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Хабарнигори Ютуб-канали “Afghan Visit”, ки барои таҳияи гузориш дар бораи фаъолияти бозори марзӣ дар минтақаи Шерхон-Бандар ба марзи вилояти Қундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон омада буд, дар ҷараёни таҳияи гузоришаш дар бораи аз Тоҷикистон ихроҷ шудани як гуруҳи паноҳҷӯёни афғон хабар ёфта, тавонистааст бо аъзои яке аз ин хонаводаҳо, ки тоза аз марзи Тоҷикистон ба тарафи Афғонистон берунашон карда буданд, мусоҳиба кунад.

Сарвари ин хонавода, ки худро Аҳмад Бойқара ва аз аҳли Мазори Шариф (маркази вилояти Балх) муаррифӣ кард, гуфт, онҳо 4 сол боз дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд ва ҳама аснодашон қонунӣ буд.

“Сабаби ихроҷамонро то ҳол намефаҳмем. Аснод доштем, 4 сол боз зиндагӣ мекардем, корти сурхи Созмони Милали Муттаҳид доштем. Субҳакӣ омаданд кормандони амният, гуфтанд, биравем, як маҷлис дорем. Мо ҳатто пулу муламонро нагирифтем бо худ. Онҳоро моро рост оварданд ба инҷо ва аз марз рад карданд”, – нақл кард Аҳмад Бойқара.

Дар посух ба суоли хабарнигор, ки чаро сабаби ихроҷашонро аз он кормандони амният пурсон накарданд?, Аҳмад Бойқара гуфт: “Мехостем пурсон кунем. Вале як ҳамдевори моро, ки ин суолро кард, лат карданд ва маро ҳам мехостанд лат кунанд. Ҳатто нафаҳмидем, ки гуноҳи мо чист?”

Модари солхӯрдаи Аҳмад Бойқара, ки ӯро ҳам аз Тоҷикистон ихроҷ карданд, нақл кард, ки вақте ба сарашон омаданд, ин гумон аз дилаш гузашт, ки ихроҷашон мекунанд.

 “Чанд бор пурсидам аз кормандони амният, ки агар ихроҷамон мекунед, бигӯед, ки мо пулу чизамонро бигирем. Вале нагуфтанд. Ҳама чизу чораамон дар хонаамон дар Душанбе монд. Сӯзаниҳои зиёде дӯхта будам, ҳама онҷо монд. Ҳатто кафаниҳоям дар Душанбе монд. Ҳоло ҳатто пуле надорем, ки худро то ба Мазори Шариф бирасонем”, – нақл кард ин зан ашк дар чашм.

Хабарнигори “Afghan Visit”,  ки аз ин ҳоли паноҳҷӯёни тоҷик сахт мутаассир шуда буд ва аз ҷайби худаш ҳам барои роҳпулӣ ба ин хонавода 1000 афғонӣ хайр кард,  гуфт, “то ҳол хабари ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Эрону Покистонро шунида будем, вале бори аввал мешунавем, ки афғонҳоро аз Тоҷикистон берун меандозанд”.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби ин ихроҷҳоро ягон шарҳ намедиҳанд, вале бино ба хабарҳо, танҳо рӯзи шанбеи 3 сентябр 22 нафар ва  тайи чанд рӯзи охир дар умум ҳудуди 100 паноҳҷӯи афғонро аз Тоҷикистон берун андохтаанд. Бино ба нақли ин паноҳҷӯёни ихроҷшуда, ҳамаи онҳоро тақрибан бо як шева берун кардаанд: кормандони амният ё милиса паноҳҷӯёнро бо баҳонаи иштирок аз маҷлис аз хонаҳояшон мегиранд ва рост ба марзи Афғонистон бурда, ихроҷ мекунанд.

Рӯзи 5 сентябр муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон дар номае дастаҷамъӣ аз президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки “раванди ихроҷи иҷбории паноҳҷӯён”-ро ба Афғонистони зери назари Толибон боздорад.

“Иддаи зиёде аз афғонҳо барои онки зинда бимонанд ва битавонанд ояндаи атфолашонро тазмин кунанд, маҷбур ба тарки хонаву кошона ва модару ватанашон шуданд. Рафтанд ба гӯша-гӯшаи ин кураи хокӣ овора шуданд. Раванди ихроҷи иҷбории муҳоҷирини афғонро мутаваққиф кунед, то мо битавонем дар фазои ороми Тоҷикистон ба зиндагии рӯзмарра идома дода, худамонро ба кишварҳои сеюми муҳоҷирпазир бирасонем. Атфоли мо, ҷавонони мо аз тарбияву таълиму таҳсилоти олӣ баҳраманд шаванд ва битавонанд фардои шукуфоро барои наслашон рақам бизананд,” – нақли қавл кардааст Радиои Озодӣ аз ин нома, ки ба хати форсӣ  навишта ва ба забонҳои русиву англисӣ тарҷума шудааст.

Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба сар мебаранд. Аксари онҳо аз Тоҷикистон ҳамчун аз кишвари транзит барои таҳияи аснодашон ва расондани худ ба кишварҳои ободтари дунё бо кумаки Идораи паноҳандагони Созмони Милал истифода мекунанд. Дар як соли охир тақрибан 4 ҳазор паноҳҷӯи афғонро аз Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм интиқол додаанд. Ахиран Идораи паноҳандагони Созмони Милал дар як изҳорот ихроҷи паноҳҷӯёни афғонро аз Тоҷикистон маҳкум кард ва аз Душанбе хост, ба ин раванд нуқта гузорад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғонро шарҳ надодаанд. Ихроҷи паноҳҷӯён дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон тасарруф карданд. Тоҷикистон режими нави Толибонро эътироф намекунад, балки баракс ба сурати ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button