ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК МАРДИ 28-СОЛА ДАР ЯК СӮХТОР ДАР КӮЧАИ ШОТЕМУР ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 5 сентябри соли 2022, бар асари сӯхтор дар маркази шаҳри Душанбе як марди ҷавони 28-сола ба ҳалокат расидааст.

Ин сӯхтор тахминан соати 08:58  дар ҳуҷраи №19 дар қабати ҳаштуми  бинои нӯҳошёнаи №21 дар кӯчаи ба номи Шоҳтемур  рух додааст. Гуфта мешавад, барои хомӯш намудани сӯхтор Хадамоти оташнишонӣ якҷо бо наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 09:20 сӯхтор пурра хомӯш карда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сабаби сӯхтор аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ мешавад.

Биное, ки дар он сӯхтор ба амал омад, дар маркази пойтахт, дар паҳлуи меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ ҷойгир шудааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дода нашудааст. Ҳар сол бар асари сӯхтор дар Тоҷикистон чандин нафар ба ҳалокат мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button