АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛА БА САФОРАТИ РУСИЯ ДАР КОБУЛРО БА ДӮШ ГИРИФТ (ВИДЕО)

Шоми 5 сентябри соли 2022  гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки дар Тоҷикистон низ созмони террористӣ шинохта шудааст, масъулияти таркиш дар назди сафорати Русия дар Кобул, пойтахти Афғонистонро бар дӯши худ гирифт. Дар изҳороти ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки як ҷангҷӯи ДОИШ “тасмаи интиҳориро дар байни издиҳоме, ки дар байнашон кормандони сафорати Русия низ буданд, тарконд”.  ДОИШ дар ҳоле масъулияти боз як ҳамлаи маргталабона дар пойтахти Афғонистонро ба уҳда гирифт, ки ҳаракати тундрави Толибон, ки як сол боз ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада ба дасти худ гирифтааст, ахиран иддао карда буд, ки “ДОИШ дар Афғонистон тақрибан ба пуррагӣ нобуд карда шуд ва дигар таҳдиде эҷод карда наметавонад”.

Ҳамла ба сафорати Русия нахустин ҳамла ба як сафоратхонаи хориҷӣ дар Кобул дар як соли дар Афғонистон ба қудрат расидани Толибон аст.

Бино ба гузоришҳо, бар асари таркише, ки субҳи 5 сентябр, соати 10:50 ба вақти Кобул рух дод, дастикм 6 нафар, аз ҷумла ду корманди сафорати Русия ва 4 шаҳрванди Афғонистон кушта шуданд. Ин афғонҳо ба хотири супурдани ҳуҷҷатҳояшон барои гирифтани визаи Русия ба сафорат омада буданд. Ду корманди кушташудаи сафорат онҳое буданд, ки он лаҳза барои гирифтани асноди овардаи довталабони виза пеши дарвозаи сафорат баромада буданд.

Намояндаи пулиси Кобул Холид Задрон гуфт, маргталаб мехост худро дар байни издиҳом тарконад, вале посбононе, ки Толибон барои посбонии сафорати Русия гузоштааст, ҳаракати ӯро пайхас карда, маргталабро ҳанӯз то расиданаш ба байни издиҳом куштаанд.

Расонаҳо ёдовар шудаанд, ки  Толибон моҳи апрели соли 2022 эълон карда буд, ки бар ДОИШ “пирӯзии қариб комил” ба даст овардааст. Вазорати хориҷаи Толибон дар Твиттер навишта шуд, ки ДОИШ дар Афғонистон 98% торумор шудаст.

 “Ин гуруҳ дигар таҳдиде эҷод карда наметавонад. Иморати исломӣ (Толибон режими нави худро чунин меноманд) ба ДОИШ ва ҳеҷ гуруҳи дигаре маҷол нахоҳад дод, ки дар муқобили Иморат истод шавад ва ба барои кишварҳои дунё хатаре ба бор биорад”, — иддао мекард вазорати хориҷаи Толибон дар изҳороташ.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 2022 Толибон иддао карда буданд, ки Аслам Форуқӣ, раҳбари вақти шохаи ДОИШ дар Афғонистон “Вилояти Хуросон”-ро аз байн бурдаанд. Вале бино ба фарзияи дигар, Аслам Форуқӣ дар ҷараёни муноқишаҳои дохили худи ДОИШ кушта шудааст.  Форуқӣ соли 2020 дар пайи шикасти ҷангҷӯёнаш дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ба дасти нирӯҳои ҳукумати вақти Афғонистон асир афтода, дар маҳбас қарор дошт, вале баъди пирӯзии Толибон садҳо ҷангҷӯ, аз ҷумла Форуқӣ аз зиндонҳои Афғонистон озод шуданд.

Моҳи июли соли 2022 Толибон эълон кард, ки ҷангҷӯёни ДОИШ-ро, ки қаламрави Ӯзбекистону Тоҷикистонро мушакборон карда буданд, аз байн бурда, се нафари онҳоро ба ҳалокат расондаву 5 тани дигарро асир гирифтааст.

Сафорати Русия дар Кобул

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ҳамлаи назди сафорати Русия дар Кобулро ҳамлаи террористӣ номид. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳори умед кард, ки ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони ин ҳамлаи террористӣ  “дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷазои сазовор расонда хоҳанд шуд”. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки иттифоқан дар Маскав қарор дошт,  баъди мулоқоташ бо Лавров бо изҳори ҳамдардӣ гуфт, мутмаин аст, ки омилони ин ҳамларо ҳатман ба масъулият хоҳанд кашонд.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин амр додааст, ки дар робита ба ҳалокати кормандони сафорати Русия дар Афғонистон парвандаи ҷиноятӣ бикушоянд.

Ба навбати худ, вазорати хориҷаи Афғонистон изҳори умед кард, ки ин ҳамлаи террористӣ ба равобити мақомоти кунунии ин кишвар бо Маскав таъсири манфӣ нахоҳад расонд.

 “Мо бо Русия равобити танготанг дорем ва мо намегузорем, ки чунин амалҳои манфии душманон ба равобити байни ду кишвар таъсири манфӣ гузоранд”, – навиштааст сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Абдулқаҳҳори Балхӣ дар Твиттер. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки кафи вазорати хориҷаи Афғонистон Амирхон Муттакӣ ба Сергей Лавров занг зада, ба ӯ дар робита ба ҳамлаи хунин ба сафорати Русия дар Кобул изҳори таслият кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button