РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ГУШТИНГИРИ ҶАВОН ХОНАИ ДУҲУҶРАГӢ ТУҲФА КАРД (3 АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 5 сентябри соли 2022 варзишгари ҷавон – дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфт ва ба ӯ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ҳамчун ҷоиза манзили дуҳуҷрагӣ туҳфа кардааст.
Хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе дар иттилоияш гуфт: “Раиси шаҳри Душанбе Эмомалии Нуралиро, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон, иштирок карда медали тиллоро соҳиб гашта, парчами Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфт. Рустами Эмомалӣ ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим кард”.
Аз 7 то 12 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Гуаякилии кишвари Эквадор дар Амрикои ҷанубӣ чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок карданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардад.
Рустами Эмомалӣ ба Эмомалии Нуралӣ дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз доштааст, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифигар ва номбардори Ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста қарор доранд.
Эмомалии Нуралӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буда, яке аз гуштингирони умедбахши Тоҷикистон ба шумор меравад. Мухлисон умедворанд, ки мақоми қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон охирин дастоварди ӯ нест ва ин ситораи ҷавони тоҷик дар оянда ба қуллаҳои боз ҳам баландтаре дар арсаи ҷаҳонӣ даст хоҳад ёфт.




