ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАРОИ КУМАК БА 5000 НИЁЗМАНД ДАР ПОЙТАХТ МАБЛАҒ ҶУДО КАРДААСТ

Хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 3 сентябри соли 2022 хабар дод, ки дар арафаи солгарди истиқлоли Тоҷикистон шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ қарори вижае  дар бораи ҷудо намудани маблағ барои кумак ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ба имзо расондааст.

Гуфта мешавад, ки бар асоси ин қарор дар маҷмуъ ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе, кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, дар асоси ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиклоли давлатӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Шаҳрдории Душанбе бо нашри ин хабар таъкид кардааст, ки “ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд”.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, ки 34 сол дорад, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 6 сол боз раиси шаҳри Душанбе, пойтахт ва бузургтарин шаҳри ин ҷумҳурист. Рустами Эмомалиро вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button