ВидеоТоҷикистон

САБТҲОИ НОДИРИ АМАЛИЁТИ ҶУСТУҶӮИ ҚУРБОНИЁНИ ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ФОНДАРЁ (ВИДЕО)

Рӯзи 4 сентябри соли 2022 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабтҳои видеоиеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаҳои бо кумаки кран ва таҷҳизоти махсус аз рӯди Фондарё берун кашидани мошини “Mercedes-Benz” ва як мусофири он сабт шудааст. Ин мошин шоми 31 август ба ҷарии чукуриаш тақрибан 40-50 метр сарозер шуда, сипас ба дарё рафт. Дар ин садама, ронандаи мошин Исмоилов Ҳаким Наврӯзович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Айнӣ, ки бо мошинаш ба кирокашӣ машғул будааст ва он шом аз Душанбе ба вилояти Суғд мусофир мебурд,  ва мусофираш Насриддинов Нурулло Қабиевич, соли таваллудаш 1962, ҷароҳатҳои сахт бардоштанд, аммо зинда монданд. Вале се мусофири дигари мошинро он шоми наҳс об бурд.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ки ин сабтҳои видеоиро фиристоданд, дар он мошин сокинони ноҳияи Айнӣ ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара аз Душанбе ба вилояти Суғд сафар доштанд. Ба ин далел, гуруҳи ҷавонон аз ҷамоати Ворух чанд рӯз боз дар ноҳияи Айнӣ қарор дошта, дар ҷустуҷӯи қурбониёни садама иштирок доранд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод”  хабар доданд, ки дар давоми 5 рӯзи ҷустуҷӯ ба наҷотбахшон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муяссар шуд, ки ду ҷасадро пайдо кунанд ва аз об берун бикашанд. Яке аз онҳо сарбозе аз Исфара аст, ки номашро ҳанӯз муайян карда натавонистем, ва  дуюмӣ Насриддинов Мурод Нуруллоевич, соли таваллудаш 1985,  писари ягона мусофири зиндамонда дар он садама Насриддинов Нурулло.

Вале ҷустуҷӯи охирин қурбонии ин садама ҳамчунон идома дорад. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ Азизулло Зоидбоев,  зодаи ҷамоати Ворух, писари табиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоев мебошад. Азизулло, Худованд раҳматаш кунад, донишҷӯ буд ва он шом аз Душанбе барои аёдати волидонаш мерафт.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button