Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ БО РОҲИ ФИРЕБ 4 МОШИНРО БЕПУЛ АЗ ХУД КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 сентябри соли 2022 аз ошкор шудани силсилаи қаллобиҳо аз ҷониби як сокини 29-солаи шаҳри Душанбе хабар дод. Гуфта мешавад, ки ӯ аз аввали сол дастикам 4 нафарро фиреб дода, мошинҳояшонро дар умум қариб ним миллион сомонӣ нарх карда гирифтааст, вале то ҳол пули ягон нафари онҳоро надодааст.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Бокс”-ро ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи апрели соли 2022, ба боварии марди 29-солаи сокини ноҳияи Панҷ даромада, ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Авесто”-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ фурӯхта, то ҳол ҳуҷҷатҳои автомашинаро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи феврали соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус RX”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин 5-уми январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”-ро ба маблағи 265 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли гузашта 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button