ВидеоТоҷикистон

ВАЪДАИ ҶОИЗАИ ПУЛӢ БАРОИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МАҲБУСИ ФИРОРӢ АҲМАДБЕК САИДОВ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри акси маҳбуси фирорӣ аз сокинон хостааст, дар ивази ҷоизаи пулӣ хабари ҷои буду боши ӯро ошкор кунанд.

Як корманди Раёсати корҳои дохилии Бохтар ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар паҳлӯи аксҳои Аҳмадбек Саидови фирорӣ расман ҳавасмандкунии пулӣ зикр шудааст.

Вай гуфт, дар паҳлуи акс навишта шудааст,ки Аҳмадбек Саидов сокини ҷамати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлон бо ҷурми “роҳзанӣ” гумонбар аст ва маълумот дар бораи ӯ ба таври махфӣ пешниҳод карда шавад аз тарафи сокинон маблағи пулӣ дода мешавад.

Аҳмадбек Саидови 35-сола шаби 18 ба 19-уми августи имсол аз як боздоштгоҳи Душанбе фирор кардааст.

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратӣ рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “субҳи 19-уми август хабар доданд, ки як нафар аз боздоштгоҳ фирор кардааст. Ҳамин қадар гуфтанд, ки эҳтиёт кунед, тамом.”

Маълум нест, маҳбуси фирориро дубора дастгир кардаанд ё не, вале аксҳояшро дар кӯчаву бозорҳои маркази Хатлон насб карда, аз сокинон дар борааш мепурсанд.

Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст. Вай аз ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш аст ва ҷустуҷӯ низ асосан дар маҳалли зисташ ва минтақаҳои атрофи он ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Идибек Муҳтоҷов, як мақомдори Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе ба иттиҳоми даст доштан дар фирори маҳбус дастгир шудааст.

“Таҳқиқ нишон додааст, ки ин маҳбус як рӯз пеш бо телефони Муҳтоҷов бо касе суҳбат кардааст. Аз ин рӯ, як ҳафта боз дар боздошт аст ва бозпурсӣ мешавад,” – афзуд ӯ. Мақомот расман дар ин бора иттилоъ намедиҳанд.

Ҳодисаи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон нав нест. Мавриди пурсарусадотарин, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар умум 1 солу 3 моҳ дароз кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 кас дастгир ва 7 нафар кушта шуданд. Се шаҳрванди Афғонистон Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул ва Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим ҳарчанд дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд, вале Кобул онҳоро ба Душанбе насупурд.

Дар соли 2016 низ чанд маҳбус аз зиндоне дар шаҳри Хуҷанд фирор карданд. Қисме аз онҳо дубора дастгир ва баъзеи дигар ҳангоми амалиёт кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button