АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ТАФСИЛОТИ КУШТА ШУДАНИ РӮҲОНИИ ЗИДДУНАҚИЗИ АФҒОН МАВЛАВӢ АНСОРӢ ДАР ҲИРОТ (ВИДЕО)

Рӯзи ҷумъа, 2 сентябри соли 2022, бар асари як таркиши зоҳиран маргталабона  дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Гузаргоҳи шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон, дастикам 21 нафар,  аз ҷумла имоми ин масҷид Мавлавӣ Муҷибулраҳмон Ансорӣ, як бародар ва писари ӯ кушта шуда, беш аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гуруҳ ба уҳда нагирифтааст, вале масъулияти анҷоми чанд ҳамлаи ахири шабеҳи таркиши Ҳирот дар масҷидҳои Афғонистонро гуруҳи  ҳатто аз Толибон ҳам тундравтари “ДОИШ- Хуросон” иддао карда буд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар Твиттер марги Мавлавӣ Ансориро “шаҳодат” ва ҳамла дар масҷиди Ҳирот “ҳамлаи буздилонаи  душманони дин” унвон кард ва гуфт,  омилони ин ҳамлаи маргбор ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳанд шуд.

Мавлавӣ Муҷибулраҳмон Ансорӣ, ки ҳамагӣ 38 сол дошт, як рӯҳонии зиддунақиз ба шумор меомад. Ӯ аз  ҳукумати Тоҷикистон барои поймол кардани ҳуқуқи мусалмонон ба шиддат интиқод мекард, вале як сол пеш, вақте ҷангҷӯёни ҷунбиши тундрави Толибон ҳукуматро дар Афғонистон тасарруф карданд, Мавлавӣ Ансор бо вуҷуди онки аз тоҷикҳои Ҳирот буд, дар канори Толибон канор гирифт ва аз онҳо бо ҳарорат пуштибонӣ ва ҳимоят мекард. Як моҳ пеш маҳз Мавлавӣ Ансорӣ фатвои маҷлиси шӯрои уламои Афғонистонро қироат кард, ки дар он вакилони ин анҷуман ба меъёр ва аҳкоми Шариат ҷавобгӯ будани ҳукумати Толибонро таъйид карда,  мубориза ба зидди ҳукумати Толибонро баракс ҳамчун амале зидди дину диёнат маҳкум мекарданд.

Вақте моҳи августи соли 2021 ҷанҷгӯёни Толибон Ҳиротро ба даст оварданд ва Исмоилхон, фармондеҳи машҳури даврони ҷиҳод ба зидди Артиши Шӯравиро асир гирифтанд. Ансорӣ буд, ки миёнаравӣ кард ва Исмоилхонро аз асорати Толибон озод кард. Вале дар ивази якчанд шарти таҳқиромезе мисли инки дар хона бишинад, ба умури давлатӣ дигар кор нагирад ва мисли ришсафедони дигар даврони пирӣ биронад.

Мавлавӣ Муҷибулраҳмон Ансорӣ дар мавъизаҳои худ нафақат аз ҳимояташ аз Толибон мегуфт, балки дар дигар масоил низ мавзеъгириҳои тунду тезе дошт. Ӯ аз ҷумла мардонеро, ки ҳамсаронашон ҳиҷобро пурра риоя намекунанд. “даюс” мехонд ва хостори он буд, ки тибқи меъёрҳои Шариат, зинокоронро сангсор кунанду дуздонро даст бибуранд. Ӯ ҳамчунин коронавирус ҷазои Худованд меномид ва мегуфт, ин маризӣ шумори куффорро кам мекунад.

Қатли Ансорӣ ва 20 тани дигар дар масҷиди Гузаргоҳ дар ҳоле сурат гирифт, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси ҳукумати Толибон низ бо сафаре дар Ҳирот қарор дорад.

Мавлавӣ Ансорӣ низ нимаи аввали рӯзи 2 сентябр дар нишасти иқтисодии сарони Толибон дар ҳузури Мулло Бародар дар Ҳирот ширкат дошт, вале наздикиҳои пешин ин маҷлисро тарк гуфт, то ба намози ҷумъа дар масҷиди Гузаргоҳ, ки имоматии ин масҷидро ба дӯш дошт бирасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button