ВарзишВидео

САЙМӮМИН МАДИЕВ БАЪДИ ИХРОҶАШ АЗ РУСИЯ ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА МАЙДОН МЕБАРОЯД (ВИДЕО)

Размандаи 25-солаи ММА ва қаҳрамони видеои машҳури “Москва. Метро Люблино. Работаем” Саймӯмин Мадиев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Русия ихроҷаш карданд, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад. Рақиби аввалини  алакай маълум шудааст:  29 сентябри соли  2022 Саймумин дар мусобиқаи VVFC-4 дар шаҳри Тошканд дар вазни сабуктарин (56,7 кг) бо ҳарифаш аз Ӯзбекистон Раҳимҷон Раҷабалиев майдондорӣ хоҳад кард.  Пойгоҳи навгониҳои варзишӣ Sports.tj хабар дод, ки набарди Саймумин Мадиев бо Раҷабалиев набарди асосии ин мусобиқа дар пойтахти Ӯзбекистон хоҳад шуд.

Саймумин Мадиев то имрӯз 5 пирӯзӣ дар ҷайб дошта, ягон маротиба шикаст нахӯрдааст. Раҳимҷон Раҷабалиев низ ягон бор то ҳол шикаст нахӯрдааст ва 3 пирӯзӣ дар даст дорад.

Ёдовар мешавем, Саймумин Мадиевро шаби 12 ба 13 июни соли ҷорӣ аз Маскав ихроҷ карданд.  Субҳи 13 июн ӯро дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчун қаҳрамон бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд.

Дӯстони Саймӯмин ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеое фиристода буданд, ки дар он лаҳзаи ба хонаашон расидани варзишгар сабт шудааст. Дар навор дида мешавад, ки дар тӯли роҳи Саймӯмин то расиданаш ба даруни ҳавлӣ ҳамчун пояндоз сӯзанӣ партофтаанд ва наздиконаш баъди тақрибан ҳар қадами гузоштааш чочуқӣ мечошанд, ки кӯдакони дар онҷо ҷамъшуда дар як они воҳид ҳамаро ҷамъ меоранд. Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки Саймӯмин Мадиев аз дасти бибиаш дошта, таҳти навои мусиқию рақси мардум ба ҳавлияшон медарояд ва рӯи кате, ки барои омадани ӯ болояш кӯрпачаҳои нав партофтанд, мешинаду як-як ҷиянчаҳояшро, ки дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд,  ба оғӯш мегирад.

Ба гуфтаи дӯстонаш, Саймӯмин ҳоло дар хона, дар паҳлуи наздиконаш истироҳат дорад ва кӯфти роҳу ду ҳафтаи дар боздоштгоҳи Маскав рӯзкардаашро мебарорад.

Шоми 12 июн хабар расид, ки Саймӯмин Мадиевро алакай шаби 12 ба 13 июн тавассути ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз тариқи фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Кӯлоб депортатсия мекунанд. Худи варзишгар аз дохили автобусе, ки ӯву як гуруҳи дигари муҳоҷирони тоҷики депортатсияшударо ба фурудгоҳ мебурд, чанд бор ба пахши мустақим баромад ва аз мухлисонаш хост, ки барои ӯ бепарво бошанд. “Ман чанд вақт гум шуда будаму ҳоло пайдо шудам, вале боз гум мешавам. Вале парво накунед, ҳамааш хуб мешавад”, – гуфт Мадиев, ки тавре дида мешуд, рӯҳияаш аслан нашикастааст.

Саймӯмин Мадиевро кормандони пулис дар Маскав  рӯзи 26 май ба далели сабти ном надоштанаш боздошт карданд. Алакай як рӯз баъд, яъне 27 май додгоҳи минтақаи Лефортовои пойтахти Русия Мадиевро дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират гунаҳкор дониста,  5 ҳазор рубл ҷарима баст ва ҳам ҳукми ихроҷашро баровард. Баъди чунин ҳукм, ӯро аз додгоҳ рост ба боздоштгоҳи муҳоҷирон бурданд.

Саймӯмин Мадиев  20 сентябри соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, то кунун дар майдонҳои касбии ММА 3 набард анҷом додааст. Ӯ мебоист рӯзи 11 июн бо қоидаҳои бокс дар мусобиқоти Pravda Fighting ба майдон мебаромад. Вале ин набард лағв шуд, чунки варзишгари тоҷик дар ин рӯз дар боздоштгоҳи муҳоҷирон мунтазири депортатсия буд.

Саймӯмин Мадиев ва мураббиаш Ризвон Ошӯрмамадов соли 2021 дар пайи дар шабакаи TikTok нашр кардани видеое бо номи “Москва. Метро Люблино. Работаем” машҳур шуданд. Ин видеои кӯтоҳ беш аз 30 миллион тамошобин ҷамъ овард ва дар ҳавои он, одамони машҳур, ҳамчунин дастаҳои футболи “Зенит”, ЦСКА ва “Локомотив” видеоҳоро худро нашр карданд.  Шуҳрати видеои бачаҳои тоҷик ба берун аз Русия ҳам рафт ва дастаи шуҳратёри “Реал” ва Ла Лига (лигаи олии футболи Испания) низ дар ҳавои он видеоҳои худро ба бозор бароварданд.

Ин нахустин мавриди аз Русия ихроҷи варзишгарони зодаи Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли 2021 пулиси Маскав варзишгари ММА аз Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиевро бо баҳонаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт кард ва бо ҳукми додгоҳ ӯро ба Тоҷикистон депорт карданд. Чоршанбиев баробари расидан ба Ватан дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд. Ахиран додгоҳи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Тафтишот ва додгоҳ як видеои ӯро, ки дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ нашр шуд, ҳамчун даъват ба тағйир додани сохти конститутсионӣ арзёбӣ карданд. Вале худи Чоршанбиев инро рад мекунад ва мегӯяд, ки фақат талаби адолат карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button