ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ГУЗАРГОҲИ ҶАРТЕППА ДАР МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН БО ТОҶИКИСТОН 11 РӮЗ БАСТА МЕШАВАД

Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки бо Саразми Панҷакент ҳаммарз мебошад, аз муваққатан баста шуданаш  хабар додааст.  Гуфта мешавад, маҳдудият дар ин гузаргоҳи марзӣ аз 5-уми сентябр оғоз гардида, беш аз 10 шабонарӯз, то 16 сентябр идома меёбад.

Гузаргоҳи Ҷартеппа дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Аз ин гузаргоҳ аз тарафи Тоҷикистон асосан сокинони Панҷакенту ноҳияи Айнӣ, онҳое, ки ба тамошои Самарқанду Бухоро мераванд, ва  ҳам онҳое, ки аз тариқи фурудгоҳи Самарқанд бо нархҳои арзонтар ба Русия сафар мекунанд, истифода мебаранд.

Дар эълоне, ки дар шабакаҳои ичтимоӣ нашр гардид, чунин омадааст;

Рӯзҳои 5-16 сентябри соли 2022 барои ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути ин пости гумрукӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд.

Ин маҳдудият чанд мавриди истисноӣ дошта, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

➡️ба кормандони ташкилотҳои дипломатӣ ва байналмилалӣ;

➡️ба шахсоне, ки ба ҳайатҳои расмӣ (ҳукуматӣ) дохил мешаванд;

➡️ба кормандони ташкилотҳои хориҷӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд;

➡️ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалии бор машғуланд;

➡️ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ӯзбекистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;

➡️ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;

➡️ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ватанашон бармегарданд;

➡️ ба шаҳрвандони кишвари сеюм, ки ба Тоҷикистон мераванд.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо нафар сокинони шаҳри Панҷакент тавассути шаҳри Самарқанди ҷумҳурии ҳамсоя ба Федератсияи Русия билет гирифтаанду бино ба гуфтаи мусофирон дар ин рӯзҳо бояд ба сафар бароянд.

Шаҳри Самарқанд имсол мизбони нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (SCO, ШОС) мебошад. Ин нишаст рӯзҳои 15-16 сентябр доир мешавад. Ба далели нишасти Шанхай мақомоти Ӯзбекистон ҳатто фурудгоҳи Самарқандро барои се рӯз мебанданд.

Қарор аст, дар нишасти Самарқанд Эрон билохира ба узвияти Созмони Шанхай пазируфта шавад. Дар ҳошияи нишасти Самарқанд, интизор меравад, ки президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мулоқоти алоҳидае низ баргузор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button