ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ДУЗДИ ГУЗАРО ДАР БОЗОРИ “СОМОНӢ”-И ШАҲРИ БӮСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 2-юми сентябри соли 2022 аз боздошти як дузди гузаро дар бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд хабар дод.  

Бино ба иттилои милитсия, ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Истаравшан муроҷиат намудааст, ки 8-уми августи соли 2022, тахминан соати 13:10, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар мағозааш, воқеъ дар бозори “Сомонӣ”-и шаҳри мазкур аз дохили ҷузвдони ӯ 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои дуздӣ  бар асоси қисми дуюми моддаи 244 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан чоряки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар содиршударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 2858 ҷинояти дуздӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи як соли қабл дар ҷумҳурӣ 3566 ҷинояти дуздӣ сабт шуда буд. Вале аксар бар инанд, ки шумораи воқеии ҷиноятҳои дуздӣ хеле бештар аз ин рақамҳои расмист. Дар бисёр мавридҳо онҳое, ки ҳадафи дуздӣ қарор мегиранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои нокушода шикоятҳои шаҳрвандонро дар мавриди дуздидану молу пулашон  сабт намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button