ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗ ЯК МОШИН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА ҶАРӢ РАФТ. РОНАНДА ДАР ҶОИ САДАМА ҶОН ДОДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар шимоли ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод,  шаби 1 сентябри соли 2022, соати 00:20 ба онҳо дар бораи садама дар ҳудуди ҷамоати ба номи Бобоҷон Ғафуров хабар расидааст.

Наҷотбахшони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд  ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Opel Astra G”, сокини 43-солаи ҷамоати Б.Ғафуро ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи мошинашро набаромадааст ва мошин ба ҷарии чуқуриаш 15-20 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда дар ҷои садама ҷон додааст.

Наҷотбахшон ба воситаи таҷҳизоти алпинистӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади мошинро аз даруни мошини пачақшуда бароварданд  ва ба мақомот супурданд.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз ронандагон хост, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръатро риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки шоми 31 августи соли 2022, тақрибан соати 20:05, бар асари ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудани як мошини “Мерседес” дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд,  дар паҳлуи пули чорроҳаи деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ 3 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаад.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, мошини сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд тааллуқ дошт ва аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, дар назди пули деҳаи Чоре ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Сабаби садама ҳанӯз дақиқ карда нашудааст.

Бо дарёфти  ин хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, наҷотбахшон ҳамроҳ бо ронандаҳо ва мусофирони роҳгузар соҳиби мошин ва яке аз мусофирон, сокини 60-солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо ҷароҳатҳои вазнин аз дохили мошин берун оварда, ба бемористон интиқол додаанд.

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои се мусофири ҳалокшуда дар рӯди Фондарё то ҳол идома дорад.

Рӯзи 2 сентябр маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  бо нашри тафсилоти бештаре дар бораи ин садама хабар дод, ки қурбониёни садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд  сокинони ноҳияи Айнӣ будаанд, на  сокинони Исфара, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегуфт.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 31-уми августи соли 2022, тахминан соати 20:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Исмоилов Ҳаким Наврӯзович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 40-50 метр ба дарёи Фон-дарё чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашина Исмоилов Ҳ.Н. ва мусофираш Насриддинов Нурулло Қабиевич, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Насриддинов Мурод Нуруллоевич, соли таваллудаш 1985 ва ду мусофири дигар, ки шахсияташон ҳанӯз муайян карда нашудааст, дар моҷарои оби дарё нопадид гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button