ВидеоТаърихФарҳанг

РЕПОРТАЖ АЗ КӮЧАИ TÁDŽICKÁ (ТОҶИКИСТОН) ДАР ШАҲРИ ПРАГА (ВИДЕО+ 14 АКС)

Дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, дар 5500 километр дурӣ аз Тоҷикистон маҳаллае ҳаст хеле сарсабз, ки онро метавон маҷозан “Осиёи Марказии хурд” ё “маҳаллаи Осиёи Марказӣ” ҳам номид.Ин маҳалла 6 кӯчаи хурд дорад, ки 5 кӯчааш ба шарафи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Kirgizská(Қирғизистон), Kazašská(Қазоқистон), Tádžická (Тоҷикистон), Turkmenská (Туркманистон), Uzbecká( Ӯзбекистон) – номгузорӣ шуда, кӯчаи шашумаш ба шарафи Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон – Taškentská номгузорӣ шудааст.

Ин кӯча хеле хурданд ва ҳар кадом иборат аз танҳо як биност, ки ҳар кадомаш 8 даромадгоҳӣ доранд. Аммо ин маҳалла дар маҷмӯъ хеле пур аз долу дарахт ва сарсабз аст. Ba сарсабзтарин кӯча дар ин маҳаллаи сарсабз боз ҳам кӯчаи Тоҷикистон ба назар мерасад, ки танҳо бинои рангаш гулобии ин кӯчаро дар як баҳри сабз гӯё ғарқ кардааст. Ба ҳадде ки ба фарқ аз кӯчаҳои дигари ин маҳалла ҳатто лавҳе ки дар он исми кӯча, яъне Tádžická, навишта шудааст, дар пушти дарахтон “махфӣ” шудааст.
Ҳамин тавр, ба фарқ аз кӯчаҳои дигари маҳаллаи “Осиёи Марказии хурд”-и Прага, дар саҳни кӯчаиTádžická муҷассамаи хурде ҳам ҳаст бо тасвири як кӯдаке ки дар даст модели ҳавопайморо дорад. Мисли як рамзи орзуи парвозҳои баланд ба Тоҷикистон ки ҳокимони вақти Прага як замон ҳамчун нишонаи аҳду бародарӣ ба ин кӯча исми он кишварро додаанд.

Маҳалллаи “Осиёи Марказии хурд”-и Прага дар ҳамагӣ 4километр дурӣ аз хиёбони марказии Прага воқеъ аст. Ин маҳалла аз як тараф бо “Koh – I – Noor”(“Кӯҳи нур”), бузургтарин корхонаи тавлиди қаламу ашёи мактабии Ҷумҳурии Чех ва аз тарафи дигар бо маркази тиҷоратии Eden ва фурӯшгоҳи бузурги Tesco ва варзишгоҳи тими футболи “Славия” ҳамсоя аст. Исми ин корхонаи қалами Чехия аз номи алмос ва бриллианти маъруфи таърихие бармеояд, ки бо 105 қироташ яке аз бузургтарин бриллиантҳои дунё ба шумор меравад. “Кӯҳи нур” дар қуруни вусто ба султонҳои Ҳинд тааллуқ дошт ва ҳоло тоҷи маликаи Бритониёро зиннат медиҳад.
Либа, як сокини кӯҳансоли кӯчаи Tádžická гуфта буд, биноҳои ин маҳалларо соли 1972, вақте Прага ҳанӯз пойтахти Ҷумҳурии сотсиалистии ЧехоСловакия ва Тоҷикистон ҳам яке аз 15 кишвари дӯсту бародар дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, барои афсарони артиши ЧехоСловакия сохта буданд.  Ба шавҳари фақиди Либа, ки афсари артиш буд,  ҳамон вақт ду манзил яке дар ҳамин кӯчаи Tádžická ва яке дар кӯчаи Uzbecká пешниҳод кардаанд, вале шавҳари ӯ кӯчаи Тоҷикистонро интихоб кардааст. Либа мегӯяд, ҳарчанд огоҳии зиёде аз мавҷудияти кишваре бо номи Тоҷикистон надоштанд, инак ним аср боз боз дар ҳамин “Тоҷикистони хурд” ба сар мебарад. ”Тоҷикистон”-е, ки дар фосилаи 5500 километр дурӣ аз Тоҷикистони аслӣ, дар Прага ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button