ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СУБҲИ 31 АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА РУХ ДОДААСТ

Марказҳои зилзиланигории Қазоқистону Ӯзбекистон хабар доданд, ки субҳи 31 августи соли 2022, соати 08:11 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларза рух додааст.

Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, замин дар қаламрави Тоҷикистон дар умқи 15 километр ларзида, маркази ин офати табиӣ дар 220-километрии ҷанубуғарби Тошканд ҷойгир шудааст.

Шабакаи истгоҳҳои зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон хабар дод, ки “маркази заминларза дар 847-километрии ҷанубуғарби шаҳри Алма-Ато ҷойгир шуда, замин дар умқи 15 километр ларзидааст”.

Тибқи координатаҳои овардаи зилзиланигорони қазоқ, маркази заминларза дар кӯҳҳои ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар бораи шиддати заминларза дар марказаш иттилое то ҳол нашр нашудааст, вале дар вилояти ҳамсояи Ҷиззахи Ӯзбекистон шиддати заминларза тибқи ҷадвали Рихтер аз 2 то 3-4 баллро ташкил додааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Бахмал, ки аз маркази офати табиӣ ҳамагӣ 16 километр дурӣ дорад, шиддати заминларза  3-4 балл ва дар ноҳияҳои фосилаашон беш аз 50 километр ҳаманӣ 2 баллро ташкил додааст.

Зилзиланигорони тоҷик то ин соат ин хабарҳоро шарҳ надодаанд. Дар бораи кадом хисороти ҷонӣ ё молӣ бар асари ин офати табиӣ гузорише ҳанӯз ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як моҳи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд , ва дар як соли охир 198 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button