ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР”  ҲАВОПАЙМОИ НАВАШРО БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ГУЗОШТ

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 30 августи соли 2022 як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе кард. Ин ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст.

 Хадамоти матбуоти ширкат хабар дод, ки қарор аст, дар аввали моҳи сентябр боз як ҳавопаймои дигари Boeing 737-800 шомили парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шавад. Гуфта мешавад, ҳарду ҳавопаймо дар асоси лизинг аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ – ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад – ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

Ҳавопаймоҳои қаблии “Сомон Эйр” низ ба шарафи шахсиятҳои бузурги мардуми тоҷик, аз ҷумла ба шарафи Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншо Шотемур номгузорӣ шудаанд.

 «Боиси хушнудист, ки қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ рост омад. Бешубҳа, ҳавопаймоҳои гирифташуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо – зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, инчунин қонеъ намудани талаботи рузафзуни мусофирон мусоидат хоҳанд кард. Миннатдорем аз ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ ва итминон дорем, ки муносибатҳои шарикии мо минбаъд боз ҳам таҳкиму тақвият меёбанд”, –  гуфтааст муовини мудири кулли “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев.

 Aviation Capital Group соли 1989 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешбари ҷаҳон дар самти идораи дороиҳои авиатсионӣ бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо мебошад.  Aviation Capital Group молики 475 адад ҳавопаймо мебошад, ки ба 85 ширкати ҳавопаймоии 45 давлати дунё ба иҷора дода шудаанд. ACG ширкати фаръии корпоратсияи Tokyo Century мебошад.

 Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ фаъолият дошта, аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад ва дар айни замон дар фикри эҳёи парвозҳо ба самти Хитой ва роҳандозии парвозҳои мунтазам ба самти Арабистони Саудӣ мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button