ПРЕЗИДЕНТИ АВВАЛИНУ ОХИРИНИ СССР МИХАИЛ ГОРБАЧЁВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Михаил Сергеевич Горбачёв, охирин дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) ва президенти аввалину охирини СССР шоми 30 августи соли 2022 дар синни 92 аз олам чашм пӯшид. “Шоми имрӯз баъди бемории сангину тӯлонӣ Михаил Сергеевич Горбачёв вафот кард”, — хабар дод Беморхонаи марказии клиникӣ (ЦКБ).
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, Михаил Горбачёв ҳанӯз дар аввалҳои пандемияи коронавирус дар ин бемористони воқеъ дар шаҳри Маскав бистарӣ карда шуда, аз ҳамон вақт таҳти назорати табибон қарор дошт.
Telegram-канали Mash бо такя ба манобеи худаш хабар дод, ки Горбачёв чанде пеш аз маргаш ба хотири гемодиализ ба ин бемористон муроҷиат карда буд. Бино ба иттилои ин нашрия, роҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравиро бемории гурдаҳояш азият медод.
Як нафари наздик ба доираи Горбачёв ба ТАСС хабар дод, ки ӯро дар оромгоҳи Новодевиче, дар мақбараи оилавиашон дар паҳлуи ҳамсараш Раиса Горбачёва ба хок месупоранд. Раиса Горбачёва ҳанӯз соли 1999, дар синни ҳамагӣ 67 вафот карда буд.
Михаил Горбачёв аз моҳи марти соли 1985 то августи соли 1991 дабири кулли КПСС, ҳизби ҳоким дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ ҳамзамон солҳои 1990 а 1991 президенти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Горбачёв баъди кӯшиши табаддулоти ГКЧП дар моҳи августи соли 1991 аз КПСС хориҷ шуд ва 25 декабри соли 1991 аз мақоми президенти СССР низ истеъфо дод. Як рӯз баъди истеъфои ӯ СССР ҳамчун давлат аз байн рафт ва ба 15 кишвари алоҳида тақсим шуд.
Соли 1990 Горбачёв барои саҳмаш дар овардани озодиҳои демократӣ ба кишварҳои собиқ коммунистӣ бо ҷоизаи сулҳи Нобел сарфароз гардонда шуд.
Вале бо гузашти 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва лагери кишварҳои коммунистӣ назарҳо ба мероси Горбачёв дар ҷомиа гуногун боқӣ мемонад. Гуруҳе ӯро барои дамондани насими озодиҳои демократӣ дар кишварҳои собиқ коммунистӣ ва аз байн бурдани режимҳои худкома дар СССР ва кишварҳои муттаҳидаш тавсиф мекунанд. Аммо гуруҳи дигар то ҳол ӯро барои хароб кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вартаи ҷангҳову буҳронҳо афкандани аҳолиаш ба боди танқид мекашанд.

