ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО ПУЛИ АЗ ЛОТЕРЕЯ БУРДААШ ТӮЙ КАРДААСТ

Учқун Шукуров, як ҷавони зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар лотерея мошини арзишаш 600 ҳазор рублро бурдааст. Учқун ба ҷои мошин пулашро гирифта, ин пулро барои гузарондани тӯйи домодиаш сарф кардааст.

Қиссаи ин муҳоҷири хушиқбол аз Тоҷикистонро рӯзи 31 августи соли 2022 хадамоти матбуоти лотереяи “Столото”  нашр кард.

Бино ба ин қисса, Учқун Шукуров дар тӯли ду сол дар як дӯкони “Столото” дар шаҳри Екатеринбург чиптаҳои лотереяи давлатиро мехарид. Бахт ба рӯи ӯ дар тираж ё шумораи 1365-уми лотереяи “Русское лото” хандид ва ӯ мошини нархаш 600 ҳазор рубл, муодили қариб 10 ҳазор долларро бурд.

Худи Учқун чӣ гуна ин лотереяро хариданашро чунин қисса кардааст: “Фурӯшандаи дӯкони “Столото” як баста чиптаҳои лотереяро дар пеши ман мисли бодбезак кушод ва ман аз байни онҳо якеашро ҷудо карда, харидм. Вақте ба телефони ман паёмаки бурд омад, ман рост ба ҳамон дӯкон рафтам ва дар онҷо ба ман гуфтам, ки бахт ба рӯи ман хандидааст ва ман мошин бурдам!”

Учқун Шукуров аз Тоҷикистон буда, дар Екатеринбург мардикорӣ мекард. Ӯ ба ҷои мошин пулашро гирифтааст. Ӯ дар ҳоле соҳиби чунин бурди бузург шуд, ки мехост зан бигирад. Ба ин далел, Учқун пули бурдаашро барои тӯйи худ сар кард.

Дини Ислом қиморбозӣ, аз ҷумла лотереяро барои мусалмонон ҳаром ҳукм кардааст.

Дар зери хабари бурди муҳоҷири тоҷикистонӣ бисёриҳо навиштаанд, ки зоҳиран “Столото” бо чунин хабари тарғиботӣ мехоҳад артиши бузурги муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба саффи муштариёни худ ҷалб кунад. Вале корбарон аз муҳоҷирон даъват кардаанд, ки ба ин ваъдаҳои бурдҳои бузурги ҳар гуна лотереяҳо ва навъҳои дигари қимор бовар накунанд ва пулҳои азобу бо арақи ҷабин коркардаи худро беҳуда дар ин қиморҳо ба бод надиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button