ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МУСОФИРИ СКУТЕР ДАР ЯК САДАМА ДАР ХИСТЕВАРЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 29-уми августи соли 2022, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зефира», Ҳомидов Акмалҷон Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ғафуров-Конибодом», дар гардиши ҷамоати деҳоти Хистеварз аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба муқобили самти роҳ баромада ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Қудусов Иззатулло Абдуғафорович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Исфара бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мошини «Опел-Зефира» ба «Скутер», таҳти идораи Бобокалонов Исмон Розиқҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Бар асари ин садама, мусофири скутер Бобоев Абдувалӣ Ғаниевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button