ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

ДАР СЕ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 87 ЭЪТИРОЗ ВА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ҚАРИБ 4500 ЭЪТИРОЗ ДОИР ШУДААСТ

Пойгоҳи қазоқии Finprom бар асоси омори Лоиҳаи маълумот дар бораи макон ва ҳаводиси марбут ба муноқишаҳои мусаллаҳона (ACLED), ки аз ҷумла иқдомҳои эътирозӣ дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, ҳисоб кардааст, ки дар байни 3 сол – аз 30 июли соли 2019 то 29 июли соли 2022  дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ 4 ҳазору 449 тазоҳуроти эътирозӣ доир шудааст.

Аксарияти ин эътирозҳо – 84% аз шумори умумӣ, ё 4172 эътироз– дар Қазоқистон (59%, ё 2915 тазоҳуроти эътирозӣ) ва Қирғизистон (25%, ё 1257 эътироз) доир шуда, 13%, ё 661 тазоҳурот дар ин се соли гузашта дар Ӯзбекистони зоҳиран нисбатан ором баргузор гардидаанд.

 Наздики  2%  аз ҷамъи умумии эътирозҳои Осиёи Марказӣ, ё 87 тазоҳурот дар Тоҷикистон доир шудаанд. Дар ин кишвар аз ҷумла соли 2019 20 эътироз, соли 2020 28 эътироз, соли 2021 23 эътироз ва дар моҳҳои аввали соли 2022 16 эътироз сабт шудааст. Марказ ва манбаи асосии эътирозҳои Тоҷикистон, албатта, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, вале мавҷи ахири тазоҳурот дар ин минтақаи нооромро мақомот дар моҳи майи соли 2022 бо истифода аз нирӯ саркӯб карданд, ки ба ҳисоби Созмони Милал, ин боиси марги ҳудуди 40 нафар шуд.

Маълум мешавад, эътирозҳо дар Туркманистон, кишвари аз ҳама ороми Осиёи Марказӣ низ гоҳ гоҳ рух медодаанд. Дар се соли охир дар инҷо 29 эътироз сабт шудааст. Инҳо асосан ба номи “эътирозҳо барои нон” (“хлебные бунты”) буданд, ки сокинон ба нишони эътироз ба камбуди шадиди маҳсулоти хӯрокворӣ изҳори норозигӣ мекарданд.

Finprom бар асоси омори Лоиҳаи маълумот дар бораи макон ва ҳаводиси марбут ба муноқишаҳои мусаллаҳона (ACLED) ҳамчунин табиати эътирозҳои доиршуда дар Осиёи Марказиро низ муайян кардааст. Маълум мешавад,  4368 тазоҳурот, ё 88%  аз ҷамъи эътирозҳои доиршуда дар ин қаламрав эътирозҳои осоишта буда, дар 319 ҳолат (6,5%) эътирозҳо ба зидди сокинон ва дар 225 ҳолат (5%) – ба бетартибиҳо печидаанд.

Таври маълум, мақомоти  аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ (шояд ба истиснои Қирғизистон) ҳар навъ эътирози сокинонро ба сурати хеле шадид ва бо истифода аз нирӯ ва силоҳ саркӯб мекунанд.

Моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон дар ҷараёни саркӯби бузургтарин мавҷи эътирозҳо дар таърихи навини ин кишвар беш аз 200 нафар кушта, беш азх 2 ҳазор нафар захмӣ ва беш аз 10 ҳазори дигар боздошт шуданд.

Моҳи июл дар Ӯзбекистон дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Нуқус, пойтахти ҷумҳурии Қароқалпоқистон 18 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар боздошт шуданд.

Моҳи май, тавре гуфтем, саркӯби эътирозҳо дар вилояти Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон ҳудуди 40 кушта ба ҷо гузошт ва тақрибан 200 нафари дигар дастгир шуданд.

Вале кишвари аз лиҳози эътирозҳо аз ҳама “бой” дар минтақа Қирғизистон боқӣ мемонад. Дар инҷо сокинон аз соли 2006 ба ин тараф алакай се маротиба тавассути эътирозҳо президентҳои худро барканор карда, ҳукуматҳои навро рӯи кор оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button