ВидеоМуҳоҷирон

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ КУШТОРИ ҲАМКОРЕ, КИ ӮРО ТАҲҚИР МЕКАРД

Додгоҳи ноҳияи Багратионовски вилояти Калининград, минтақаи аз ҳама ғарбии Русия, рӯзи 30 августи соли 2022  О. ном як шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми куштани як ҳамкораш ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ гуфт, О. ва Н. чанд муддат дар як корхонаи плитабарорӣ дар вилояти Калининград ҳамкор будаанд. Азбаски Н. доим О.-ро дар ҷои кор таҳқир мекард ва шаъну шарафашро паст мезад, байни онҳо пайваста муноқишаҳо сурат мегирифт. Рӯзи 17 феврали соли 2022 вақте ки онҳо ҳамроҳ дар шаҳраки Нивенское дар ноҳияи Багратионовск машғули плитачаспонӣ буданд, Н. дигарбора муҳоҷири тоҷикро таҳқир кардааст ва О. ин дафъа болғаро ба даст гирифта, аз қафо ба Н. наздик шудааст ва ба қисмати сари вай 18 зарба ва 2 зарбаи дигар ба қисмати дастҳои ӯ зада, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Н-ро баъди чанде коргарони дигар пайдо карда, дар ҳолати вазнин бо сару рӯи хуншор ба бемористон бурдаанд, вале, мутаассифона, ӯ ҷон додааст.

Маҳкумшуда дар сухани охиринаш дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф накард ва гуфт, ки қасди куштани ӯро надошт. Дар шарҳи сабаби бо болға кӯфтани ҳамкораш, ӯ шуфт, ки ҷабрдида доимо ӯро таҳқир мекард ва шаъну шарафи инсониашро паст зада, рафтори ғайриахлоқӣ дошт.

Бо ин вуҷуд, додгоҳи ноҳияи Багратионовск муҳоҷири тоҷикро бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия дар одамкушӣ гунаҳкор шинохт. Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт, ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва маҳкумшуда метавонад аз он шикоят кунад.

Ни́венское (то соли 1946 — Виттенберг (ба немисӣ Wittenberg) ва Фридерикентал (юа немисӣ Friederikenthal)) — шаҳракест бо ҳудуди 2 ҳазор аҳолӣ дар ноҳияи Багратионовски вилояти Калинингради Русия. Шоҳроҳи А-195 Калининград—Багратионовск—марзи Русия бо Полша тавассути Нивенское мегузарад. Нивенское дар 17-километрии шаҳри Калининград, 23-километрии маркази ноҳияи Багратионовск ва тақрибан 5 ҳазор километр дуртар аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Вилояти Калининград минтақаи аз ҳама ғарбии Русия ба шумор рафта, онро аз қаламрави боқимондаи Русия кишварҳои соҳили Балтика ҷудо мекунанд. Вале ба далели аз тариқи баҳр пайваст буданаш бо Русия, вилояти Калининград на эксклави комил, балки нимаэксклав дониста мешавад. Шаҳри Кенигсберг, ки баъдан Калининград номаш доданд, ҳамроҳи манотиқи атрофаш баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар ихтиёри СССР қарор гирифт. Аз он қабл ин қаламрав ба Олмон тааллуқ дошта, Пруссияи шарқӣ номаш мебурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button