ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОЗ БА 23 НАФАР УНВОНИ ГЕНЕРАЛӢ ДОД (204 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 августи соли 2022 дар як маросими тантанавӣ дар Қасри Миллат ба муносибати солгарди 31-уми истиқлоли давлатӣ ба 180 нафар аз ооҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои генералӣ дод. Дар байни онҳое, ки унвону рутба гирифтанд, роҳбарон ва иштирокчиёни амалиёти ҳарбии ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла раҳбари аввали он амалиёт генерал Абдураҳмон Аламшозода ҳам буданд.

Аз ҷумла бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 30 август бо фармони президент “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 23 нафар аз роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супорида шуд.

Дар замони Шӯравӣ, тавре худи Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташ гуфта буд, дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду тоҷик рутбаи генералӣ доштанд. Дар замони истиқлол даҳҳо нафар соҳиби рутбаи генералӣ шуданд ва ҳоло шумораи генералҳои тоҷик аз 100 нафар ҳам гузаштааст.  Танҳо дар як соли охир Эмомалӣ Раҳмон ба 60 нафар рутбаҳои генералӣ дод. 37 нафар аз онҳо як сол қабл, дар арафаи солгарди 30-юми истиқлоли Тоҷикистон ва 23 нафар ҳоло, 30 августи соли 2022, дар арафаи солгарди 31-уми истиқлол соҳиби рутбаи генералӣ шуданд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  30.08.2022
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  30.08.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button