ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДАР ИСФАРА МОДАРУ ПИСАР БА “КИЛЛЕР” КУШТАНИ 3 НАФАРРО ФАРМОИШ ДОДААНД (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохили вилояти Суғд аз ошкор ва пешгирӣ шудани якбора се ҷинояти одамкушӣ хабар дод ва гуфт, як зани 52-солаи сокини ҷамоати Кӯлканд дар канори шаҳри Исфара ва фарзанди ӯ бо иттиҳоми фармоиши қатли 3 нафар ва ҷалби “киллер” барои анҷоми ин қатлҳо дастгир шудаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки Мағфират Қодирова, соли таваллудаш 1970 ва писари ӯ Неъматҷон Валиев ба як нафар барои куштани бародари шавҳараш Абдусалом Валиев, соли таваллудаш 1964, ва ҳамсари ӯ Мунира Мадаминова, соли таваллудаш 1965, сокинони ҷамоати Кӯлканд, ҳамчунин куштани як зани сокини шаҳри Хуҷанд 5 ҳазор доллар ваъда додаанд. Ин зан аз Хуҷанд, ки мебоист кушта мешуд, ҳамсари 35-солаи марде буд, ки Мағфират Қодирова бо вуҷуди зинда, вале дар маҳбас будани шавҳараш, бо ин мард равобити ошиқона доштааст.

Сабаби фармоиши қатли бародари шавҳараш ва ҳамсари ӯро додани Қодирова, ба гуфтаи тафтишот, муноқишаи оилавӣ барои хонаву замине будааст, ки аз волидони шавҳари ӯ ба фарзандонаш мерос монда буд. Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, Қодирова аз онҳо талаб мекард, ки ин хона ҳаққи ӯст ва онҳо бояд хонаву ҳавлиро холӣ карда, ба ӯ бидиҳанд.

Худи Қодирова дар гузориши нашршуда ашк дар чашм нақл кард, ки “Ҳамин хел маро азоб доданд, ки маҷбур шудам. Гуфтам, ки ҳамин хел одам нест, ки ҳаминҳоро нест кунад? Гуфт, ки ман метавонам, ман мекунам. Майлаш, кун гуфтам…”

Писари Қодирова Неъматҷон Валиев дар гузориш иқрор кард, ки ба суратҳисоби нафаре, ки куштани ин 3 нафарро ба гардан гирифт, як бор 10 ҳазор сомонӣ ва як бори дигар 6 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Фармоишгарон ба ӯ “киллер” гуфтаанд, ки маблағи боқимондаро баъди куштани он се нафар, вақте ки вай аксҳои кушташудаҳоро гираду ба онҳо нишон диҳад, пардохт хоҳанд кард.

Абдусалом Валиев ва ҳамсараш мегӯянд, “мақсадаш фақат як чиз будааст: моро куштан ва хонаро аз худ кардан”.

Вале “киллер” зоҳиран ё аз оқибати қатли якбора се нафар тарсидааст ваё, ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, ғайриқонунӣ будани ин амалро эҳсос кардааст, ки ба ҷои иҷрои фармоиш ба мақомоти милитсия дар бораи омодагӣ ба содир кардани чунин ҷиноятҳои вазнин хабар додааст.

Тавре аз сабтҳои фаврии нашршуда бармеоянд, кормандони бахши кофтукови ҷиноятии РВКД вилояти Суғд барои боздошти фармоишгарон қатли якбора се нафар бо сохтани ҳолати сунъии куштор амалиёти мураккаби фаврию тафтишотиро ба роҳ андохтаанд. Онҳо аз ҷумла ба сару рӯи онҳое, ки бояд кушта мешуданд, ранги сурхи монанд ба хун рехта, онҳоро бо сару тани хунолуд ва дастҳои баста дар бордони як мошини сабукрав андохтаанд ва “киллер” дар ҳамин ҳолат онҳоро акс гирифта, ба фармоишгарон фиристодааст ва аз иҷро шудани фармоишашон хабар додааст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба модару писар бар асоси моддаҳои 32, қисми 3, 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштани се нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба модару писар  ҳамчун ҷазо бар асоси ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button