Иқтисод

МОЛҲОИ ХАРИДАИ ТОҶИКИСТОН АЗ МОЛҲОИ ФУРӮХТААШ 2 МАРОТИБА БЕШТАР БУДААСТ (ҶАДВАЛИ ГӮЁ)

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2022 ҳудуди 4,2 миллиард долларро ташкил дод. Бино ба иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ, ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5% ё тақрибан ним миллиард доллар бештар аст.

Вале таносуби байни содирот ва воридоти кишвар шадидан манфӣ боқӣ мондааст: Агар дар моҳҳои январ – июли соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ҳамагӣ 1,4 миллиард долларро ташкил дода бошад, ҳаҷми воридоти кишвар дар ин муддат ду маротиба бештар: 2,8 миллиард долларро ташкил додааст.

“Азия Плюс”  дар як инфографика (ҷадвали гӯё ё тасвирбаён) бо забони сода нишон додааст, ки имсол Тоҷикистон чӣ хариду чӣ фурӯхт?.

Тавре маълум мешавад, Тоҷикистон дар нимаи аввали сол беш аз ним миллиард доллар, ё 18,3% аз ҷамъи воридоташро сарфи харидани маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, ангишт, гази моеъ ва ғайра) карда, 12,6% ё наздики 350 миллион долларро сарфи харидани мошину таҷҳизот кардааст. Ҳамин тавр, Тоҷиктстон барои харидани маҳсулоти саноати кимиё (аз ҷумла нуриҳои минералӣ) имсол 10,6%  аз ҷамъи воридоти худ ё наздики 300 миллион доллар харҷ кардааст. 9% аз воридоти Тоҷикистон ё ҳудуди 250 миллион долларро харидории маҳсулоти тайёри хӯрока ташкил дода ва 8,1%, ё беш аз 200 миллион доллар барои харидани маҳсулоти табиӣ, аз ҷумла меваву сабзавот, хушкмева ва ғалладона сарф шудааст.

Сеяки ин маҳсулоти воридотии Тоҷикистон, ё 30,9%  аз Русия ворид шудааст. Ин баробари тақрибан 870 миллион доллар аст. Ба дунбол Хитой (18,8%), Қазоқистон (17,8%) ва Ӯзбекистон (7,1%) ҷой гирифтаанд. Ва аммо Тоҷикистон имсол маҳсулоти баровардаашро бештар ба Қазоқистон (21,2%), Хитой (18%), Туркия (9,1%) ва Ӯзбекистон (8,7%) фурӯхтааст.

Маълум мешавад, беш аз 80% маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро асосан ашёи хом ташкил медиҳад:  маҳсулоти минералӣ (семент, нирӯи барқ, маъданҳо ва ғайра)  – 35,8%, фулузот ва сангҳои гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо – 30,6%, фулузоти арзон (аз ҷумла алюминий) ва маҳсулоти аз он сохташуда – 15,1%, маҳсулоти текстил ва молҳои аз он сохташуда – 13,6%.

Маълумоти бештар дар бораи инки Тоҷикистон чӣ мефурӯшаду чӣ мехарад?, дар ин инфографика ё ҷадвали гӯёи “Азия Плюс” қобили дарёфт аст:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button