ВидеоФарҳангЧеҳраҳоҶанг дар Украина

МАВҶИ БАДБИНИЮ АДОВАТ БА ЗИДДИ МАНИЖА ДАР РУСИЯ

Овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангин, ки соли 2021 Русияро дар озмуни муътабари “Евровидение” намояндагӣ кард ва ҷои нӯҳумро ба даст оварда буд, ҳоло ба далели мавқеи зиддиҷангиаш дар Русия мавриди як маъракаи густардаи бадбинию адоват қарор гирифтааст.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар пайи чунин як маърака Манижаро ба ҷашнвораи “Стереолето” дар Петербург роҳ надоданд. Ҳоло бархе доираҳо дар Русия талош доранд, то монеи ҳунарнамоии ӯ дар ҷашнвораи таронаҳои казакҳо шаванд, ки бунёди Олег Дерипаска “Наше Дело” аз 26 сентбяр то 2 октябр бо номи “Александровская крепост” дар шаҳри Уст-Лабинск, воқеъ дар 70-километрии шаҳри Краснодар доир мекунад.

Урдуи казакҳои Кубан (Кубанское казачье войско) изҳор дошт, ки агар Манижа дар ин ҷашнвора ҳунарнамоӣ кунад, онҳо аз иштирок дар он даст мекашанд. Ин созмони казакҳо мавқеи манфии Манижа нисбат ба ҷанги Русия ба зидди Украинаро далели чунин мавқеъгириаш номид.

Муовини раиси кумитаи СНГ дар Думаи давлатии Русия Виктор Водолатский гуфтаас, манъи иштироки Манижа дар ҷашнвораи казакҳо мавқеи ӯро нисбат ба ҷанги Украина, албатта, дигар намекунад, вале, ҳушдор додааст ӯ, “вақте Манижа барои ҳунарнамоӣ ба Краснодар меояд, ҳатман ягон созмон масъулияти иҷораи толору клубу майдон барои онҳоеро, ки Русияро бад мебинанд, ба уҳда мегирад”.

Узви Палатаи ҷамъиятии Русия Екатерина Мизулина низ даъвати Манижаро ба ҷашнвораи казакҳо “комилан сафсата” ва худи овозхонро “русбадбин” (“русофобка”)номида, навиштааст, “касе бо даъвати Манижаи русбадбин обрӯи ҷашнвораи фарҳанги казакҳоро рехтанист. Ӯ,ки зидди амалиёти махсус баромад кард, гуфт, ки ин кор “бар хилофи хости ӯ” шудааст”.

Чанд рӯз қабл маҷаллаи чопи Краснодар “Собака.РУ” аз муқоваи шумораи алакай аз дасти чоп баромадааш дар чопхона  акси Манижаро гирифт ва аз нашри мусоҳибаи ӯ, ки ба муносибати иштирокаш дар ҷашнвораи казакҳо таҳия шуда буд, даст кашид.

Вале ташкилкунандаи ҷашнвораи казакҳо – Бунёди “Наше дело”-и Олег Дерипаска изҳор дошт, ки бо вуҷуди талабҳо, Манижа дар ҷашнвора иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳад кард.  “Овозхон аз ҳифзи арзишҳои анъанавии фарҳангӣ пуштибонӣ мекунад ва ба воситаи эҷодиёти худ онҳоро дар ҳаёти муосир татбиқ мегардонад. Ин ба рисолати ҷашнвора – ҳифзи фаршанги миллӣ дар ҳар шароит, ҳатто дар шароити сахт мувофиқ меояд”, – изҳор дошт Бунёди “Наше дело”. Хадамоти матбуоти ҷашнвора ҳам гуфт, ки Манижа зимни ҳунарнамоияш яке аз таронаҳои суннатии казакҳои Кубанро иҷро хоҳад кард.

Моҳи июл пойгоҳи хабарии “Фонтанка” рӯйхатти сиёҳи ҳунармандонеро нашр карда буд, ки ба далели мавқеи манфиашон ба ҷанги зидди Украина мақомоти Русия ҳунарнамоиҳои онҳоро хуш надоштаанд. Дар ин рӯйхатти сиёҳ номи Манижа ҳам буд.

Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи забоншиноси маъруф  Тоҷӣ Усмон аст. Манижа ҳамагӣ се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид. Манижа дар Маскав дар мактаби миёна муддате дарси фортепиано хонд ва баъдан риштаи равоншиносии РГГУ-ро хатм кард.

Манижа соли 2007 бо тахаллуси Ру.Кола ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва таронаи аввалинаш юо ном «Пренебрегаю» овозхони он замони навраси зодаи Тоҷикистонро дар саросари Русия машҳур кард. Соли 2008 Манижа нахустин албомашро бо ҳамин номи «Пренебрегаю» ба бозор даровард.

Манижа баъди чанде аз тарҳи Ру.Кола хориҷ шуд ва бо номи худаш ба ҳунарнамоӣ давом дод.

Модари Манижа – Наҷиба Усмонова аз рӯи касб равоншинос аст. Ӯ ҳоло дар Маскав ширкати дизайни либос бо номи «Modardesigns»-ро мечархонад ва либосҳои Манижа барои иштирок дар консерту клипҳоро низ модараш медӯзад.

Падари Манижа Далер Ҳамроев табиб буда, аз модараш ҷудо шудааст. Манижа 5 бародару хоҳар дорад. Яке аз хоҳарони ӯ – Мӯниса Усмонова хабарнигори Шабакаи якуми ТВ (Первый канал) буд.

Манижа дар воқеъ мухолифи ҷанги зидди Украину буд ва алакай дар рӯзи аввали шурӯи “амалиёти махсус” онро “ҷанги бародаркуш” номида, гуфт, мутаассифона, ин ҷанг берун аз ихтиёри ӯ ҷараён дорад. Дар айни замон, Манижа мухолифи дар арсаи фарҳанг дар инзивоъ қарор додани Русия буд. Манижа ҳамчунин моҳи марти соли ҷорӣ, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали оғози ҷанги Украина таронаи наваш бо номи “Сарбоз” бо забони англисиро нашр кард, ки дар он бо сароҳат мухолифати худро ба ҳар навъ ҷангу хунрезӣ баён кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button