ВарзишВидео

“КОМИЛИ КАРАТЕ”-И ТОҶИК АЗ “БРЮС ЛИ”-И ҚАЗОҚ ШИКАСТ ХӮРД (2 ВИДЕО)

Бино ба иттилои сомонаи Prosports.kz, шоми 26 августи соли 2022 дар чорчӯби мусобиқоти OCTAGON 34  дар навъи варзиши ММА (ҷангҳои бидуни қоида)дар вазни сабуктарин (то 65 кило) размандаи тоҷик Қамариддин Ҳасанов, маъруф бо лақаби “Комили Карате” бо варзишгар аз Қазоқистон Нургис Алимҷонов, маъруф бо лақаби “Брюс Ли”, вориди рақобат шуд ва бар хилофи интизорот, шикаст хӯрд.

“Комили Карате” бо як ҳушдори зард ба майдон баромад, чунки вазнаш назар ба меъёр зиёдтар шудааст.

Дар даври аввал ва дуюми рақобат “Брюс Ли” асосан дар партер мавқеи ҳимоятро пеш гирифт ва чанд дафъа дар ин лобало тавонист зарбаҳое ба “Комили Карате” бизанад. “Комили Карате”, ки бештар набардҳои ҳамлавиро дӯст медорад, дар муқобили рақибе, ки аз хатти ҳимоя ҳеҷ берун намеомад, коре карда натавонист.

Дар даври сеюм ва ниҳоии рақобат “Комили Карате”  маҷбур шуд, ки таваккал кунад ва ба ҳуҷуми ошкор гузарад,  вале “Брюс Ли” ба нирӯи худ итминони бештар ҳосил карда, боз чанд зарбаи  ҷавобӣ зад ва тақдири рақобатро ба фоидаи худ ҳал кард.

Дар натиҷа доварон якдилона пирӯзиро ба “Брюс Ли” доданд.

Ин аввалин шикасти “Комили Карате” дар мусобиқаҳои ММА буд.

Қамариддин Ҳасанов (“Комили Карате”) соли 1990 дар Тоҷикистон ба дунё омадаст. Варзиши асосиии ӯ каратест ва лақабаш низ аз ҳамин ҷост. Ӯ дар мусобиқаҳои промоушенҳое, чун Наше дело, Hype Fighting, ARENA, Hardcore MMA иштирок карда, 6 маротиба ба майдон баромада буд ва то кунун ягон шикаст нахӯрда буд. “Комили Карате” то кунун бар варзишгароне, чун  Карам Кӯзбоев, Руслан «Ҳусейн» Ҳусейнов, Лейва «Виллагра», Даниел Иван, Шамил Газгириев, Валерий Мялюк пирӯз шудааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ исми “Комили Карате”  дар робита ба як рафтори ҷавонмардонаи ҳамкасби қирғизаш вирди забони расонаҳо шуд.

Варзишгари 24-солаи зодаи Ҷалолобод Нурланбек уулу Марсел рӯзи 10 феврал дар мусобиқоти варзиши ММА Hardcore Fighting Championship (Ҳардкор Файтинг Чампионшип) рақибаш ар Русияро шикаст дод. Вақте Марселро ғолиби ин рақобат эълон карданд, ӯ бо забони шикастаи русиаш бо як ҷавонмардии ҳайратовар ба масъулони  ин мусобиқот гуфт, ки мехоҳад то нисфи пули аз ин пирӯзӣ ба даст овардаи вайро ба варзишгари тоҷик “Комили Карате” бидиҳанд.

“Модари Комил-Карате бемор аст ва ман мехоҳам ними музди маро барои табобати ӯ бидиҳед”, – гуфт варзишгари қирғиз.

Ӯ ин хоҳишашро чанд маротиба такрор кард ва тамоми толор барояш қарсак зад – ҳам барои бозии зебо бо пирӯзии зебо ва ҳам барои ин амали хайру ҷавонмардонаи боз ҳам зеботар.

Ин иқдоми ҷавонмардона боз дар ҳоле буд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон даврони мушкилу пуртанишеро пушти сар карда истодаад ва аз марзи ин ду кишвар доимо хабарҳои пуртаҳлука дар бораи муноқишаҳои наву гоҳо ҳатто хунин ба гӯш мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button