ВидеоИқтисодҶомеа

“ЧИНИҲО ЗАР МЕГИРАНД, ТОҶИКОН ЗАҲР МЕХӮРАНД.” БАҲСИ СОКИНОНИ ПАНҶАКЕНТ БО КОРХОНАИ ТИЛЛОИ “ЗАРАФШОН” (ВИДЕО) 


Сокинони деҳае дар Панҷакент аз фаъолияти як коргоҳи чинӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ин корхона ба истеҳсоли зар машғул аст, вале ба атрофиён заҳр медиҳад.

Корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон бо номи “Зарафшон” дар фосилаи тақрибан 300-метрии деҳаи Хумгарони шаҳри Панҷакент ба истеҳсоли тилло машғул аст ва солҳост, ки мардум аз зиёни он шикоят доранд. Мардум мегӯянд, ба тамоми идораҳо шикоят бурданд, вале барои ҳифзи сиҳатиашон натиҷае ба даст наоварданд.

Деҳаи Хумгарони шаҳри Панҷакент то 25 сол пеш, ба гуфтаи сокинонаш, табиати зебо ва обу ҳавои мусаффо дошт. Баъди бунёд шудани корхонаи азими истихроҷи тило он ҳамаро нобуд кардааст. Ба иддаои сокинон, баъди чанд соли фаъолияти корхона вазъи саломатиашон бад шуд.

Абдураҳмон Сатторов, сокини деҳаи Хумгарон, гуфт: Як доруи заҳрнокро барои ҷудо кардани тилло меандозанд, номаш сианид аст. Ба халқ зиёни калон дорад. Дар поёни деҳа сохтаан. Ҳоло дар болои деҳа, дар саргаҳи обу болои қабристон низ бунёд карда истодаанд. Обамон заҳрнок аст ва агар дар саргаҳи чашма созанд, боз заҳрноктар мешавад.”

“Ду фарзанди ман якеаш касалии шуш дорад ва дигаре роҳи нафасаш мегирад. Ҳардуяш ҳам месурфанд. Тамоми фасли тобистон ҳам месурфанд,” — нақл кард Хайринисо Мирзоева, сокини дигари Хумгарон.

Ба қавли сокинон, корхона дар оғози фаъолияташ дар соли 1997 хеле хурд буд ва ин деҳа заминҳои кишоварзии зиёд дошт. Бо васеъ шудани заршӯӣ чарогоҳҳояшон олуда шудааст.

“50 гов мурд, касе напурсид”

Фирӯза Қаҳҳорова, сокини деҳаи Хумгарон, мегӯяд, “замини чарогоҳро гирифтанд, мо ҷое барои чорвочаронӣ надорем. Ба наздикӣ 50 чорвои мо ба даруни полоишгоҳ даромаду мурд. Касе ин ҳолати мардумро намепурсад. Шароит вазнин аст. Мо 20 бор ба назди полоишгоҳ баромада, гуфтем, ки ин чангу ғубор ба сари мардум мерезад, гуфтанд, мо об мезанем.”

Баҳси сокинони инҷо бо ширкат 4 сол пеш шадидтар шуд. Ширкат тасмим гирифтааст, дар ҷониби дигар деҳа дар ҳудуди бештар аз 6 гектар як полоишгоҳи нав бунёд кунад.

Масъулони корхона ният доранд, 47 оилаи деҳаро, ки ба полоишгоҳи нав наздик зиндагӣ мекунанд ба ҷойи дигар кӯчонанд. Онҳо мегӯянд, тарҳ бо ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва аз ҷумла идораи муҳити зист мувофиқа карда шудааст.

Ҳама тарҳҳо хулосаи экологӣ доранд

Қобил Турсунов, менеҷери хадамоти бехатарӣ ва экологии корхонаи муштараки “Зарафшон” гуфт,“лоиҳаҳо бо сохторҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст. Ҳамаи ин лоиҳаҳо дорои хулосаи экологист. Барои беҳдошти вазъи экологии корхона ҳар рӯзу шаб бо даҳ мошини обпошӣ барои маҳви чангу ғубор кор мекунад.”

Корхонаи муштараки “Зарафшон” дар Панҷакент ва дар болои яке аз камарбандҳои зархези ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз охири солҳои 90 то соли 2007 аксари саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии “Commonwealth & British Mineral Ltd” тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои “ZiJin Mining Group Co.Ltd” харид.

Ҳоло 70 дарсади саҳмияи ин корхона ба чиниҳо тааллуқ дорад ва 30 дарсадаш моли Тоҷикистон аст. Ба ғайр аз тилло дар он фулузоти гаронбаҳои дигар низ истихроҷ мешавад.

Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои “ZiJin Mining Group” харид. Бино ба иттилои дарёфтӣ молики 70 фоизи саҳмияҳо Ширкати байналхалқии чинии саноати кўҳии “Тсзинфэн” аст ва 30 дарсади дигарашро ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёр дорад.

Достони коргоҳи истеҳсоли оҳак

Тақрибан 10 сол пеш дар заминаи ин корхонаи азими заршӯӣ дар ҳудуди ҷамоати Шинг, коргоҳи истеҳсоли оҳак низ сохта шудааст. Сокинони ҷамоат аз зиёни ин коргоҳ шикоят доранд. Сокинони атроф мегӯянд, ҳоло дуду ғубор ва партов ба муҳити зисташон таъсир расонда, боиси кам шудани ҳосили кишташон гардидааст.

Бобо Шоҳназар, сокини 60-солаи деҳаи Рашнаи Поёни Панҷакент, солҳост, ки ба боғпарварӣ машғул аст. Вай дар ҳудуди даҳ сотих замин ва дар атрофи коргоҳи истеҳсоли оҳак аз ҳосили дарахту зироат зиндагиашро мегузаронад. Вале ба қавли ӯ, сол аз сол самараи меҳнаташ кам мешавад.

“Пештар шафтолуҳо нағз мепухт, ҳоло ҳамин шафтолуҳо маззаи хуб надорад. Ин қадар ширинии нағз намедиҳад. Дуди корхона тарафи моро зер карда гирифтааст. Ҳамин завод хеле асар кард. Пештар завод набуд, хеле беҳтар буд. Меваҳо кирм намекард, ҳоло кирм ҳам мекунад. Дарахти себ дорам, дарунаш кирм дорад,” — афзуд ӯ.

Деҳаи Рашнаи Поён дар шасткилометрии маркази Панҷакент ва дар домани кӯҳҳо ҷойгир шудааст.

“Ин мисли заҳр аст

Сокинони ин деҳаи дурдаст мегӯянд, дар аввал аз оғози фаъолияти коргоҳ хушбин буданд, ки эҳтимол даҳҳо бошандагони атрофро бо кор таъмин мекунанд. Ҳоло мегӯянд, на ҷойи кор балки бештар зиёнашро мебинанд.

Мансур Мирзоев, сокини деҳаи Рашнаи Поён, мегӯяд, корхона агар ақаллан 5-10 дарсади мардумро ба кор таъмин кунад, хеле беҳбудӣ мешавад. Дигар корхона чӣ кор карда метавонад, ягон фоидаи дигаре нест. Зарараш ҳаст, тамом.”

“Чангашро бинед. Агар ба болои деҳа бароеду рӯйи бомро бинед, чанг мисли барф истодааст. Кӯдакон ҳамонро нафас мегиранд. Ин мисли заҳр аст,” — гуфт сокини ҷамоати Шинг Нурмурод Қаюмов.

“Олудагӣ аз меъёр кам аст

Вақте вориди ин коргоҳ шуде, бо чанд шаҳрванди Чин ҳамсуҳбат шудем, вале онҳо нахостанд, дар ин бора дар назди дурбин суҳбат кунанд. Масъулони аслии корхона мегӯянд, зиёни ин сехро борҳо санҷидаанд.

Қобил Турсунов, менеҷери хадамоти бехатарӣ ва экологии корхонаи муштараки “Зарафшон”, гуфт: “Ҳар сол бо муроҷиати корхона аз тарафи мутахассисони экология, омада таркиби обу ҳаво ва хокро месанҷанду хулосаи худро ба таври хаттӣ пешниҳод мекунанд. Ин омӯзиш асосан дар ҷойҳое, ки аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, гузаронида мешавад. Меъёри вазъи таъсири корхона ба атроф аз нигоҳи зиёноварӣ кам аст.”

Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, танҳо ҳудуди 10 нафар дар инҷо кор мекунанд ва қисме аз он сокинони маҳаллӣ ҳастанд. Тибқи маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин коргоҳ солона то 10 ҳазор тонна оҳак истеҳсол мекунад. Ба фарқ аз ҷамоати Шинг ба бошандагони маҳаллаи наздик ба полоишгоҳи деҳаи Хумгарон ва баъди муроҷиатҳои паёпай соли гузашта еорхонаи муштараки “Зарафшон” ҷубронпулӣ таъйин кардааст.

Хайринисо Мирзоева, сокини деҳаи Хумгарон, мегӯяд, “шахсоне, ки ба ҳамин кор масъул ҳастанд, баъзе медиҳанд ва баъзеи дигар не. Як бор ба 47 оилае, ки кӯчиданашон аз ин минтақа тасдиқ шудааст, ҷуброн доданду бас. Дар ин кор ҳам бебандуборӣ дида мешавад ва мардум норизо аст.”

“Мо зидди ягон корхонаи давлатӣ нестем

То оғози фаъолияти полоишгоҳи нав корхона ба сокинон ваъда додааст, ки 47 сокини онро ба минтақаи бехавф мекӯчонад. Вале ба гуфтаи сокинон, на инро то ҳол амалӣ кардаанду ва на ғами боқимондаҳоро мехӯранд.

Хайринисо Мирзоева, сокини деҳаи Хумгарон, гуфт, “мо солҳои зиёд дар инҷо зиндагӣ мекунем ва хонаву дар сохтаем. Бисёре аз одамон ба муҳоҷират рафта, ин манзилҳоро обод кардаанд. Давлат ба мо замин ҷудо карда, кӯчонда. Мо зидди ягон корхонаи давлатӣ нестем.”

Солҳои охир чанд ширкати чинӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар бахшҳои мухталиф сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тилло низ, ки яке аз сарватҳои Тоҷикистон дониста мешаванд, аксаран аз ҷониби ширкатҳои чинӣ ҷустуҷӯ ва коркард мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button