ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

АВРУПО БАРОИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОН 10 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО КАРД

Идораи умумии Комиссияи Аврупо дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ қарор кардааст, ки барои кумак ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон 10 миллион евро ҷудо кунад.

Дар шарҳи тендери ин лоиҳа чунин омадааст: “Ин лоиҳа ба истифодаи манбаъҳои устувори энергия дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба такмили заминаи ниҳодӣ ва меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика кумак мерасонад”.

Бино ба шарҳи Комиссияи Аврупо, маблағи ҷудошуда аз ҷумла барои кумак ба тақвият ва рушди зарфиятҳо ва самаранокии кори вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати “Барқи Тоҷик” ва раёсати танзими соҳаи энергетикаи Агентии зиддимонополӣ равона хоҳад шуд.

Дар Комиссияи Аврупо мутмаинанд, ки ин ҳама бозори нирӯи барқи Тоҷикистонро шаффофтар ва тарифҳои ин бозорро воқеитар хоҳад кард. “Ба навбати худ, ин нархҳо бояд барои бахши хусусӣ ҷолибтар гардида, ҷавобгӯи талаботи муосир ба бозори нирӯи барқи минтақа бошанд”, таъкид кардааст Комиссияи Аврупо. Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки 10 миллион кумакаш ба соҳаи энергентикаи Тоҷикистон ба тақвияти ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ниҳодҳои мухталифи ин соҳа ва коҳиши сатҳи олудашавии муҳити зист низ мусоидат хоҳад кард.

Комиссияи Аврупо ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди Аврупо мебошад. Кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои дунё, аз ҷумла ба Тоҷикистон асосан аз буҷаи Комиссияи Аврупо ва ниҳодҳои молиявии тобеи он, ба мисли Бонки сармоягузории Аврупо ҷудо карда мешаванд.

 Соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо вуҷуди дарёфти садҳо миллион доллару евро кумакҳои байналмилалӣ ҳамчунон як соҳаи ношаффоф ва хеле фасодзада боқӣ мондааст. Ширкати “Барқи Тоҷик”, бо вуҷуди онки дар тӯли даҳсолаҳои дар бозори нирӯи барқи Тоҷикистон мақоми монополистро дошт, ба иллати фасод дар чоҳи қарз дармондааст ва ҳаҷми қарзҳояш аз марзи 32 миллиард сомонӣ, ё 3 миллиард доллар гузаштааст

Соли гузашта ин ширкати монополистро ба се ширкати алоҳида тақсим карданд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ин иқдом то куҷо метавонад соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро аз вартаи қарз халос кунад.  Суоли дигар ин аст, ки оё кай соҳаи энергетикаи  Тоҷикистон метавонад мушкили аз ҳама ҷиддии  ин соҳаи: камбуди барқ дар фасли сарморо аз байн барад? Бо гузашти беш аз 30 сол аз истиқлоли Тоҷикистон, ин кишвар ҳар сол аз моҳи октябр то поёни моҳи апрел ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба аксари манотиқи деҳоти ҷумҳурӣ дар тӯли 7 моҳи сол дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button