Илму фанноварӣТаърихФарҳангЧеҳраҳо

МУҲАҚҚИҚИ ТАНГАҲОИ ҚАДИМА ДАВЛАТХОҶА ДОВУДӢ АЗ ҶАҲОН ЧАШМ ФУРӮ БАСТ

Давлатхоҷа Довудӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, бостоншинос ва сиккашиноси шинохтаи тоҷик, рӯзи 26 августи соли 2022 дар остонаи синни 72 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги донишманд ва муҳаққиқи шинохта иттилои дақиқе нашр нашудааст, вале яке аз дӯстонаш, журналисти маъруфи тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода дар Фейсбук навишт, ки ним моҳ қабл, вақте барои дидан ба Осорхонаи миллӣ рафт,  вале онҷо пайдояш накард: Гуфтанд, ки бемор аст. Ва бемориаш то имрӯз тӯл кашид”.  Марҳум аз соли 2011 роҳбарии шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистонро дошт ва яке аз мутахассисони эътирофшуда дар бахши таҳқиқи тангаҳои қадима ба шумор мерафт.

 Давлатхоҷа Довудӣ дар ҳоле аз дунё рафт, ки бино ба иттилои Сайид Ҷавод Хонии Нуроро аз Теҳрон, се асари арзишмандаш: “Шаҳри бостонии Миси Айнаки Афғонистон” , “Сиккаҳои Ҳисори Шодмон” ва китоби дуҷилдаи “Шаҳраки Кушонии Сайёд” дар Эрон дар навбати чопи соли ҷадид қарор дошт.  Нуроро, ки баргардони ин се китоб ба хатти форсиро бар уҳда дошт, навиштааст, хабари аз ҷаҳони ҳастӣ чашм фурӯ бастан ва даъвати Ҳақро лабайк гуфтани профессор Давлатхоҷа Довудиро “бо қалбе шикаста ва чашмони гирён” шунидааст.

Донишмандону равшанфикрони тоҷик них даргузашти Давлатхоҷа Довудиро талафоте бузург барои илми тоҷик, ба хусус барои арсаҳои илмии бостоншиносӣ ва сиккашиносии миллӣ унвон мекунанд.

Муаррихи тоҷики муқими Аврупо  Луқмон Бойматов марги профессор Довудиро “аз осмони илм барканда шудани ситорае” унвон карда, дар сӯги ин байтро овардааст:

Гулчини рӯзгор аҷаб хушсалиқа аст,

Мечинад он гуле, ки ба олам намуна аст.

Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими АлмаАто менависад: Чӣ қадар сангин аст ва синахарош аст хабари нохуши марги дӯстону азизони донишманд ва огоҳ, ки бо вуҷуди хеш як фазои холиро пур мекарданд ва дар маҳофили ъилмӣ ҳарфе барои гуфтану гӯше барои шунидан доштанд. Хабари марги Давлатхоҷа Довудӣ барои ман такондиҳанда буд.Ӯ аз маъдуд олимоне буд,ки ҳам акнун,ки барои ширкаташ дар маҳофили илмии берун аз кишвар шарм намекардӣ ва медонистӣ ки ӯ дар баҳсе ки ширкат мекунад соҳибназар аст.Ӯ бетардид беҳтарин сикашиноси меҳани мо буд.Ва дар ин ришта мутахассиси беҳамто буд.Аз солҳои таҳсилаш дар Ленингрод якдигарро мешиносем ва иртиботи дӯстона доштем ва бо далели ин ки ман солҳо дар хориҷ аз меҳан ҳастам якдигарро аз тариқи шабакаҳои иртиботӣ ҳолпурсӣ мекардем. Дареғу дард ки боз як марди огоҳ ва донишманди академик моро тарк кард. Фуқдони ӯро барои ҷомиъаи илмии менҳанамон ва бастагонаш таслият мегӯям ва аз худои якто барояш ҷой дар биҳишти барин таманно дорам. Ёдату номат гиромӣ бод,бародари азиз!

Аҳмадшоҳи Комилзода марги Давлатхоҷа Довудиро нобаҳангом номида, навишт: “Имрӯз марги нобаҳангом риштаи умри дӯсти меҳрбон, донишманди беназири ватан, сикашиноси арзандаи кишваррро бурид. Давлатхоҷа дар майдони илми кишвар корҳои арзишманд анҷом додаву номашро дар сафҳаи таърихи ватан сабт кардааст.

Шахси фурӯтан, беғараз, ботакмкин ва озодае буд Давлатхоҷа Довудӣ. Бо ҳамин хислатҳои пурбораш дар дили дӯстону бародарон, дар ёди донишмандону фарҳангдӯстон боқӣ хоҳад монд.

Ному ёди Давлатхоҷаи азиз гиромӣ бод!

Давлатхоҷа Довудӣ 11 ноябри соли 1950 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, соли 1972 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ 50 соли умри худро ба илм бахшидааст: Лаборанти калони Институти таърих, бос­тоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Ааҳмад Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (1972—1974), коромӯз ва аспиранти Шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1974—1979), ходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмии Пажуҳишгоҳи  таърих, бостонши­но­сӣ ва мардумшиносии ба но­ми Аҳмад Дониши АИ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон (1979—2011), сар­дори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон (аз 2011 то дами марг).

Давлатхоҷа Довудӣ соли 2007 сазовори унвони доктори илмҳои таърих шуда, соли 2010 сазовори унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” шуда буд.

Ӯ муаллифи 14 рисола ва беш аз 200 мақолаи илмӣ-оммавӣ буд.

Чанде аз дасто­вард­ҳои илмии Давлатхоҷа Довудӣ дар бахши сикка­ши­носиро инҷо бармешумурем:

таҳқиқи дафинаи сик­каҳои мисии темурӣ (1967 адад),

дафинаи дирҳамҳои Чағониён (3082 дона),

97 дафинаи сиккаҳои қадим ва асримиёнагии То­ҷикистон,

сиккаҳои мисии сомонӣ дар Хатлон,

дирҳами нодири Қа­рохони Узгандӣ,

сиккаи мисии темурии Бадахшон,

тангаи мири Бадахшон Увайс ва ғайра.

Давлатхоҷа Довудӣ дар ковишҳои бос­тоншиносии 18 ёдгорӣ, аз қабили Вашгирд, Кӯлоб, Пан­ҷакенти Қадим, қалъаҳои Кум, Гарданаи Ҳисор, Ҳи­сорак, Ҳулбук, Ҳалқаҷар, Золи Зар, Хонақоҳ, Чимқӯрғон ва ғайра ширкат кардааст. Солҳои 2012—2015 дар ҳайати гурӯҳи байналмилалии бостоншиносон ба ҳаф­риёти ёдгориҳои Миси Айнаки вилояти Лугари Аф­ғонистон машғул буд.

Боби «Тиҷорату муомилоти пулӣ дар ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён» дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (2000) ва ҳашт боби «Таърихи халқи тоҷик» (барои мак­таб­ҳои олӣ, 2003) ба қалами Давлатхоҷа Довудӣ мансуб аст.

Осор

  • Худжандский клад (15 – начало 16 вв.). Д., 1998;
  • Вашгирд – ёдгори бостон. Д., 2005 (ҳаммуаллиф);
  • Денежное обращение древнего и средневекового Хатлона (V в. до н.э. – начало XX в. н.э.). Д., 2006;
  • Из истории Шайбанидов. Д., 2006; История Куляба с древнейших времен до наших дней. Д., 2006 (ҳаммуалиф.);
  • Кӯлоб шаҳри қа­диму шуҳратманд. Д., 2006 (ҳаммуаллиф);
  • Клад чаганианских дир­хе­мов XI в. из Хисара. Д., 2007;
  • Монетные клады Таджикистана. Д., 2009;
  • Вашгирд – шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон. Д., 2009 (ҳаммуаллиф);
  • Клад кушанских монет из Вахшской долины. Д., 2010 (ҳаммуаллиф.);
  • Клады средневековых монет. Д., 2011 (ҳам­муаллиф);
  • Монетные находки на городищах Санджаршах и Муба­ракшах. Д., 2012 (ҳаммуаллиф);
  • Древние и средневековые монеты Дангары. Д., 2014;
  • Сиккаҳои Ҳисори Шодмон. Д., 2015.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button