ВидеоМуҳоҷирон

ТАҲДИДИ ҲАБСИ УМРБОД БА ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ МАСҲГАР (МАССАЖИСТКА) ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Додситонии вилояти Челябински Русия хабар дод, ки парвандаи шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро, ки ба таҷовуз ва куштори як зани маҳсгар (массажистка) дар шаҳри Челябинск дар моҳи сентябри соли 2021 айбдор мешавад. Ба додгоҳи вилоятӣ супурдааст. Худи ин ҷавон, ки қариб як сол боз дар боздошт қарор дорад, барои шарҳи парвандааш дастрас нест, вале додситонӣ гуфт, ки ӯ дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ пурра иқрор кардааст.  Ба ин ҷавони тоҷик ҳамчун ҷазо то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Наталя Мамаева, ёвари додситони вилояти Челябинск рӯзи 25 августи соли 2022 ба пойгоҳи хабарии УРА.РУ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ба ин мард бар асоси банди „б“ қисми. 2 моддаи 131, банди „б“  қисми 2 моддаи 132, бандҳои „д“ ва  „к“ қисми 2 моддаи  105, банди. „в“ қисми 2 моддаи  158 ва қисми 2 моддаи 325 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳомоти таҷовух ба номус бо бераҳмии махсус, ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ бо бераҳмии махсус, куштор бо бераҳмии махсус, бо мақсади пӯшондани ҷинояти дигар; ва дуздӣ, аз ҷумла дуздии шиноснома айб эълон шудааст. Фикри айбдоркунӣ дар робита ба ин парванда аз ҷониби додситон тасдиқ шуда, парванда ба додгоҳи вилояти Челябинск равон карда мешавад”.

Бино ба фарзияи тафтишот, субҳи 13 сентябри соли 2021, айбдоршаванда, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз рӯи эълони хидматрасониҳои эротикӣ бо мақсади қонеъ сохтани талаботи шаҳвониаш ба як манзил дар кӯчаи Чайковский омадааст. Зани масҳгар, ки ба мардум масҳи эротикӣ пешниҳод мекард,  барои ин ҷавони тоҷик масҳи релаксатсияро анҷом додааст, вале ҷавон чизе бештар аз танҳо масҳ мехостааст ва ба ин зан пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Зан инро рад карда, ба ҷавон хитоб кардааст, ки хонаи ӯро тарк кунад.

Аммо ҷавон бо роҳи зӯроварӣ ба номуси зани масҳгар бо як бераҳмии махсус таҷовуз карда, баъди ин, аз тарси инки ӯ метавонад ба пулис шикоят кунад, ӯро куштааст ва телефону паспорти ӯро гирифта, он хонаро тарк кардааст.

Вақте ки зан дар давоми рӯз ягон бор аз худ дарак надод, наздиконаш ба суроғи вай афтода, ҷасади беҷонашро дар манзилаш пайдо кардаанд.

Ҷавони тоҷикро бар асоси сабти видеокамераҳое, ки дар он манзил гузошта шуда буд, зуд муайян ва дастгир карданд.

Зани масҳгар ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз зодрӯзи 35-умаш кушта шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ҷавон ӯро барои он куштааст, ки ҷинояти қаблиаш, яъне таҷовуз ошкор нашавад. Бехабар аз он ки камераҳои зиёди дар он манзил насбшуда ҳар қадами ӯро ба навор мегирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button