Фарҳанг

1 НАВИСАНДАИ ХАЛҚӢ, 2 ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚӢ, 11 ҲУНАРПЕШАИ ШОИСТА… ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА БЕШ АЗ 200 НАФАР УНВОНУ ҶОИЗА ДОД

Рӯзи 25 августи соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба беҳ аз 200 нафар аз олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон барои натиҷаҳои назаррас дар фаъолияташон мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, бо фармони президент “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, қарорҳои ҳукумат ва амри президент “барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ”

25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон,

1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон,

2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,

11 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,

1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I,

23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II,

82 нафар бо медали Хизмати шоиста,

4 нафар бо медали Шафқат,

1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон,

2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон,

 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика,

3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022,

2 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,

1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва

8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ   25.08.2022

Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 гардиданд.

18 марти соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимон бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод карда буд, ки ҳукумат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 омӯзгору олими беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад. Рӯзи 25 август 14 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 сарфароз гардонида шуданд.

Исми барандагони ҷоизаҳои давлатӣ эълон нашудааст, вале Одил Нозир хабар дод, ки Ато Ҳамдам сазовори унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Муҳтарам Ҳотам ва Ҷӯра Ҳошимӣ соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шудаанд. Ҳамин тавр, овозхони шинохта Фурқат Саидзода хабар дод, ки ҳамсари ҳунармандаш Лӯҳирабону сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудааст.

Ҳамин тавр, Ато Ҳамдам ва Юнус Юсуфӣ ҷоизаҳои ба номи Рӯдакиро ба даст овардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як силсила аз мансабдорони зодаи Бадахшон, аз ҷумла вазири энергетика Далер Ҷумъа, вакили парлумон Азиз Гиёзода, раиси вилоят Алишер Мирзонабот, шаҳрдори Хоруғ Ризо Назарзода ва раиси ноҳияи Шуғнон  Ҷумъа Ҷумъазодаро бо орденҳои давлатӣ қадрдонӣ кардааст. Маълум нест, ки ин ҷоизаҳо ба ҳаводиси ахири Бадахшон ва нақҳи ин афрод дар ҳалли он буҳрон рабт доранд ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button