ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 4 ТОННА АНГУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ӮШ (4 АКС)

Дар шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон аз ду мошин беш аз 4 тонна ангурро дарёфт ва мусодира кардаанд. Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии  боҷхона ё гумруки Қирғизистон гуфт, ин миқдор ангурро ду шаҳрванди қирғиз бо роҳҳои қочоқӣ аз Тоҷикистон овардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, кормандони фаврии боҷхонаи Ӯш як мошини “Mercedes-Benz” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Г.П.И–ро бо гумони ба таври қочоқӣ ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) ворид кардани маҳсулот боздошт кардаанд. Дар бордони ин мошин 2 тоннаю 200 кило ангури тару тоза, арзишаш 132 ҳазору 500 сом, ё тақрибан 1650 долларро пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки Г.П.И. ин ангурро бо роҳҳои қочоқӣ аз Тоҷикистон овардааст.

Ҳамчунин дар ҳамон шаҳри Ӯш кормандони боҷхона аз як мошини дигари тамғаи “Mercedes-Benz” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон М.М.Ҷ.  2 тонна 200 кило ангури дигарро пайдо кардаанд. Ӯ низ ин ангурро бо роҳи қочоқӣ аз Тоҷикистон оварда будааст.

Нисбат ба ҳарду маводи аввалия тартиб дода, барои тафтиш ба додситонии Ӯш супурдаанд.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Баста шудани марзҳо боиси уфти  башиддати гардиши молу маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя шудааст. Дар нимаи аввали соли 2022 ҳаҷми содироту воридот байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ 7 миллион долларро ташкил дод. Ин назар ба солҳои қаблӣ 6 маротиба (!!!) камтар аст.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button