Минтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҲАМДАРДЕМ! ҲАЛОКАТИ 14 МУҲОҶИРИ ҚИРҒИЗ ДАР ЯК САДАМАИ ПУРДАҲШАТ ДАР ВИЛОЯТИ УЛЯНОВСКИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Рӯзи 21 августи соли 2022 дар як садамаи пурдаҳшат ва пурқурбонӣ дар  шоҳроҳи М-5 “Урал” дар байни деҳаҳои Прасковино ва Новоспасское дар ноҳияи Николаеви вилояти Уляновск 16 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расида, боз 3 зодаи дигари Қирғизистон бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Дар ин ҷо, ба гуфтаи шоҳидон, як автобуси мусофиркаш байни ду мошини боркаши фура мондааст. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки бар асари садама автобус комилан пачақ шуда, ба як тӯдаи оҳанпора табдил ёфтааст.

Маҳалли садама тақрибандар 185-километрии ҷануби шаҳри Уляновск, 175-километрии ғарби Толятти ва 75-километрии ғарби Сизран ҷойгир шудааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур додааст, ки барои овардани ҷасадҳои муҳоҷирони ҳалокшуда як ҳавопаймои махсусро ба Уляновск бифиристанд.

Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт: “Президент Ҷабборов ба вазоратҳои хориҷа ва ҳолатҳои фавқулодда ва ба фурудгоҳи Манас дастур дод, то масъалаи ташкили ҳавопаймои махсус барои овардани ҷасадҳои ҳамватанони дар садама дар вилояти Уляновски Русия ҳалокшудаамонро баррасӣ кунанд.  Ба хешу табор ва наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ мекунем”.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфт, кормандони консулгарии  ин кишвар алакай ба ҷои ҳодиса рафтаанд. “Ҳамчунин бо мақсади муайян кардани тамоми тафсилоти ин ҳодиса бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Уляновск робита барқарор карда шудааст”, гуфта мешавад дар баёнияи вазорати хориҷаи Қирғизистон.

Дар сафорати Қирғизистон дар Маскав хатти алоқаи шабонарӯзӣ барои хешовандони қурбониёни садамаи Уляновск боз шудааст: +7 (926) 861 50 98.

Чунин хатти алоқа дар вазорати хориҷаи Қирғизистон низ боз карда шудааст: +996 508 628-588, +996 551 312-000 (WhatsApp).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button