ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

“ЗАХМҲОИ ШУКУФТА”-И  ФИРДАВСИ АЪЗАМ ДАР КОБУЛ ЧОП ШУД

 Тозатарин маҷмӯъаи ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоир ва нависандаи ҷавони Тоҷикистон бо тиражи 500 нусха дар шаҳри Кобул мунташир гардид.

Муаллиф  рӯзи 21 августи соли 2022 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин китоб шомили 60 ғазалест, ки ҳама дар мавзӯъоти иҷтимоӣ суруда шудаанд ва 33 шеъри он дар хусуси авзоъи нобасомону талхи Афғонистон (Хуросон) ва дар ҳимоят аз мардуми дардманду садои озодиҳои онҳост.

 Ношири ин китоб «Гурӯҳи фарҳангии ҳамзабонон» аст. Шоир ва пажӯҳишгари ҷавон Исмоил Лашкарӣ масъулияти виросторӣ, баргороӣ ва чопи ин китобро бар ӯҳда дошта ва ҳамчунин пешгуфторе перомуни мавзӯъ, дарунмоя ва фазои ашъори шоир бар ин асар навишта аст.

Гуфтанист, ки ашъори ошиқона дар ин асар ҷой надоранд. Фирдавси Аъзам ин маҷмӯъаашро ба ҳамзабонони Афғонистон тақдим кардааст.

 Қарор аст, рӯзҳои наздик маросими рӯнамоии ин китоб дар яке аз марказҳои фарҳангии Кобул баргузор шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button