ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

РӮҲОНИИ МАШҲУР ШАЙХ АЛӢ ИБОДОВРО АЗ РУСИЯ ДЕПОРТАТСИЯ КАРДАНД (ВИДЕО)

Воиз ва рӯҳонии шинохтаи зодаи Тоҷикистон Шайх Алӣ Ибодовро, ки дар шуъбаи даъвати Идораи мусалмонон(муфтиёт) –и ҷумҳурии Тотористони Русия кор мекард, бо баҳонаи гӯё вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират аз Русия депортатсия кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 21 августи соли 2022 блогер Расул Тавдиряков (rasulreal), ки асосан пиромуни масоили исломии Русия менависад, хабар дод. Адвокати Ибодов бо номи Нагиев дар суҳбат бо Тавирдяков ҳукми ихроҷи муваккилашро “мутлақо зиддиқонунӣ ва беасос”  номида, таъкид кардааст, ки “барои депортатсияи Ибодов ягон асоси расмӣ вуҷуд надошт”.

Расул Тавдиряков қабл аз ихроҷаш бо худи Шайх Алӣ Ибодов низ суҳбат кардааст.

 Ибодов мегӯяд, бо имзои як санад худаш барои депортатсияаш розигӣ додааст, чунки дар КПЗ (боздоштгоҳ) муҳоҷироне дар боздошт қарор доранд, ки мисли ӯ барои ягон сабаби хурду реза ба ҳабс гирифта шуда, моҳҳо ва ҳатто солҳо мунтазири ҳалли сарнавишташонанд. Ҳатто яке аз ин муҳоҷирони ҳабсшуда мисл Ибодов дар Алметевск ба даъват машғул будааст, вале ӯро ҳам барои гё вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба ҳабс гирифтаанд ва ӯ алакай қариб ду сол боз дар паси панҷара қарор дорад. Ба ин далел, ҳамтақдиронаш ба Ибодов машварат додаанд, ки ҳама чиро имзо кунад ва баъди ба озодӣ баромадан муборизаро барои барқарор кардани ҳуқуқи худ идома бидиҳад”, – навиштааст Расул Тавдиряков.
Дар посух ба суоли блогер дар бораи сабабҳои воқеии чунин бархӯрди шадиди мақомот, Шайх Алӣ Ибодов изҳори бехабарӣ кардааст. Вале ӯ ҳадс задааст, ки шояд даъватҳои ӯ ба касе хуш наомада бошад ва бо ин роҳ аз вай интиқом гирифтаанд.

Шайх Алӣ-ҳазрат Ибодов  дар муфтиёти Тотористон асосан масъули даъват ва кор бо муҳоҷирон буд. Дар ин ҷумҳурии Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Солҳои охир даҳҳо тан аз рӯҳониёну воизони тоҷик барои идомаи фаъолият ба Русия омадаанд, ки дар инҷо беш аз як миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз рӯҳониёни тоҷик дар Русия низ соҳиби мақому манзалати баланд шуда, бархеаш то ба мақоми имоми масҷидҳои ҷомеъ расидаанд. Ҳамчунин зодаи Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодиров ба мақоми муовини муфтии минтақаи Шарқи Дур таъйин шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button