ВидеоҶанг дар Украина

ДУХТАРИ ИДЕОЛОГИ МИЛЛАТГАРОЁНИ РУС ДАР ЯК ТАРКИШ ДАР КАНОРИ МАСКАВ КУШТА ШУД (ВИДЕО)

Мошини духтари 29-солаи Александр Дугинро, ки ӯро идеологи миллатгароёни рус ва “русский мир” меноманд, шоми 20 августи соли 2022 дар канори Маскав тарконданд. Мошини тамғаи Land Cruiser Prado, ки онро Даря Дугина меронд, ҳангоми ҳаракат таркид ва сипас ба як садди канори роҳ бархӯрду даргирифт. Духтари пешвои миллатгароёни рус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи шоҳидон, падари ӯ ҳам дар роҳи бозгашт ба Маскав аз як ҳамоиши миллатгароён мебоист  бо духтараш дар ҳамин мошин менишаст, вале дар охирин лаҳза ба мошини дигар нишаст. Роҳбари ҷумҳурии худхондаи “ДНР” Денис Пушилин изҳор дошт, ки Даря Дугинаро диверсантҳои Украина таркондаанд. Ба гуфтаи Пушилин, диверсантҳо ғолибан Алекнсанд Дугинро ба ҳадаф доштанд. Дугин аз ҷанги Русия ба зидди Украина ҳимоят мекард ва соли 2014 дар посух ба ҳодисаҳои хунини Одесса барои ҳалли масъалаи Украина ин шиорро таблиғ мекард: “Убивать, убивать, цбивать!” (“Бояд кушт, кушт, кушт!”) Даря Дугина ақидаҳои миллатгароёнаи падарашро пуштибонӣ мекард ва дасти рости ӯ ба шумор мерафт. Ӯ бо тахаллуси “Даря Платонова” дар сомонаҳои миллатгароёнае, чун “Царьград” ва ҳамчунин барои сомонаи аз сӯи Кремл сохташудаи “Russia Today” мақола менавишт.

Мошини Даря Дугина шоми шанбе, 20 август, тақрибан соати 21 дар ҳудуди шаҳраки Большие Вязёмии ҳавзаи шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав, дар шоҳроҳи Можайское, тақрибан 25 километр берунтар аз МКАД таркидааст. Ба гуфтаи шоҳидон, мошини тамғаи Land Cruiser Prado, ки онро Даря Дугинаи  29-сола меронд, ҳангоми ҳаракат таркид ва сипас ба як садди канори роҳ бархӯрду даргирифт. Пораҳои ҷип дар рӯи роҳ ҳар сӯ парешон шуда буд. Дугина дар ҳамон ҷо ҷон бохтааст.

Аввал гумон мебурданд, ки сабаби таркиш шояд баллони газ бошад, вале ҳоло фарзияи асоси мақомот эҳтимоли мунфаҷир шудани маводи таркандаест, ки дар зери мошин гузошта шуда буд. Агар ин фарзия собит шавад, аз эҳтимол дур нест, ки ҳадафи сӯиқасд метавонист худи Александр Дугин бошад.

Кумитаи тафтишот дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ин ниҳод дар Телеграм хабар дод, ки шахсияти зани кушташуда муайян карда шудааст. “Ин журналист ва сиёсатшинос Даря Дугина мебошад”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Александр Дугин  ва духтараш шоми 20 август ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷашнвораи “Традиция” (“Анъана”) дар усадба ё қасри Захарово иштирок доштанд. Дугин дар ин ҷо суханронӣ ҳам кард.

Телеграм-канал “112” хабар дод, ки имкон дорад, маҳз дар таваққуфгоҳи қасри Захарово метавонистанд ба мошини духтари Дугин маводи тарканда часпонанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, Дугин дар роҳи бозгашт ба Маскав мебоист  бо духтараш дар як мошин менишаст, вале дар охирин лаҳза нақшаи худро дигар кард ва ба мошини дигар нишаст. Мошини Дугин аз паси мошини духтараш ҳаракат дошт ва онҳо яке аз аввалин нафарҳое буданд, ки ба маҳалли таркиши мошини Даря Дугина расиданд.

Александр Дугин яке аз идеологҳои асосии миллатгароёни рус ва мубаллиғи ақидаи “русский мир” в неоАвроОсиёизм – ду фалсафаи таблиғкунандаи нақши дасти болои Русия бар ҳамсояҳояш, муқобилият бо Амрико ва НАТО ва густариши нуфузи Русия ба тамоми қаламрави АвроОсиё ба шумор мерафт. Матбуоти Ғарб бар ин аст, ки Путин ва бисёре аз роҳбарони ниҳодҳои қудратии Русия ба ҳарфҳои Дугин зиёд гӯш медиҳанд ва бар асоси он амал мекунанд.

Соли 2014 году Дугин чандин шиори зидди Украина зад ва аз ҷумла дар шарҳи ҳаводиси хунини Одесса талаб карда буд, ки “бояд кушт, кушт, кушт!” (“убивать, убивать и убивать”). Ӯ аз ҷанги ахири Русия ба зидди Украина низ қотеона пуштибонӣ карда, аз элитаҳои Русия талаб доштЮ ки мавқеи худро дар ин масъала рӯшан кунанд.

Ҳамаи мансабдорони баландпояи Русия бояд рӯшод мавқеи худро баён кунанд. Ё аз мансаб бираванд. Бархе ба таври машкук хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ва мо маҷбурем ин хомӯшии онҳоро ба таври худ маънидод кунем. Бо сароҳат ва бо садои баланд ҳарфи Z-ро ба забон биораед. Ваё аз назари мо худатон дафъ шавед “, – навишта буд Дугин.

Дугин аз соли 2014 таҳти таҳримоти Иттиҳоди Аврупо қарор дошт ва соли 2015 ҳамчун нафари дахлдор дар ишғоли Қрим таҳти таҳримоти Амрикову Канада ҳам қарор гирифт.

Духтари ӯ Даря пурра аз идеологияи падараш пуштибонӣ мекард ва дасти рости ӯ ба ҳисоб мерафт. Даря Дугина ҳамроҳи падараш дар ҳамоишҳо суханрониҳои миллатгароёна мекарж, ба ҳайси шореҳи сиёсӣ дар Ҳаракати байналмилалии АвроОсиё, ки падараш ташкил додааст, кор мекард, барои сомонаҳои рӯ ба Кремл, аз ҷумла “Russia Today” ва “Царьград”, ки як пойгоҳи сирф миллатгароёна низ ҳаст, бо тахаллуси Даря Платонова мақола менавишт.

Амрико ва Бритоё Даря Дугинаро ҳам ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ (дезинформатсия) айбдор карда, таҳти таҳримот қарор додаанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ Даря Дугина ҷанги Украинаро “бархӯрди тамаддунҳо ” номида, аз он изҳори ифтихор карда буд, ки ӯву падараш таҳти таҳримоти Ғарб қарор гирифтаанд.

Раҳбари ҷумҳурии худхондаи “ДНР”  Денис Пушилин яке аз аввалинҳо шуда, ба хабари марги Даря Дугина вокуниш кард. Ӯ мутмаин аст, ки Дугинаро диверсантҳои Украина куштаанд. Ба ақидаи Пушилин, ҳадафи диверсантҳо дар асл худи Александр Дугин буд.

Бар асоси маводи ББС: https://www.bbc.com/russian/news-62615457

Даря Дугина / Александр Дугин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button