ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

5 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ЯК ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ТАҲҚИРИ ДУХТАРИ РАҲГУЗАР (3 АКС)

Милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки як ҷавони 23-соларо дар пойтахти Тоҷикистон барои суханони қабеҳ ва “ишораҳои ғайриахлоқӣ” нисбат ба як духтари ҷавон ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум кардаанд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахт рӯзи 19 августи соли 2022 дар шарҳи ин қазия хабар дод, ки як духтари ҷавон бо ирсоли аксу видео аз РВКД Душанбе хостааст, то нисбат ба ҷавонписари дар наворҳо инъикосёфта чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Тибқи иттилои ҷабрдида, ҳангоми дар назди маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш, ин ҷавон нисбат ба ӯ суханони қабеҳ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди дигарон паст задааст.

 “Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Соибов Фирдавс Исмоилович, санаи таваллудаш 27.02.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд. Зимни санҷиш амалу кирдорҳои номатлуби содиркардаи ӯ исботи худро ёфта, зимнан номбурда сидқан аз амалҳои худ изҳори пушаймонӣ намуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Соибов Фирдавс тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъйин карда шудааст.

Дар солҳои охир мавридҳои бар асоси шикоятҳои занону духтарон барои “гаппартоӣ” ва дигар шаклҳои бадрафторию озори онҳо ба ҳабс кашондани ҷавонон дар Душанбе зиёд шудааст. Милитсияи пойтахт тақрибан ҳар моҳ аз боздошту ҳабси чанд ҷавон бар асоси шикоятҳои занону духтарон хабар медиҳад.

Аз ҷумла дар поёни моҳи июл як ронандаи таксии 1111 барои бо алфози қабеҳ таҳқир кардани як ҷавонзан дар кӯчаи Ҳувайдуллоев ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.

Дар аввали моҳи май як ҷавони 23-сола аз ноҳияи Рӯдакиро барои бадрафторӣ нисбат ба як духтари ҷавон дар рӯзи иди Фитр ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Гуфта мешуд, ки ин ҷавон бо мошини ВАЗ-21010 ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбат ба як духтари ҷавони роҳгузар беэҳтиромӣ нишон додааст. Бино ба иттилои нашршуда, ронанда ба қисмати қафои бадани духтар бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button