ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои Бадахшон

ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ИСМОИЛИҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ СӮИ КДАМ БОЗПУРСӢ ШУДААСТ

Шарофат Мамадамбарова, президенти собиқи Шӯрои имомати исмоилиҳои Тоҷикистон ва хоҳари овозхони машҳури зодаи Бадахшон Улфатмоҳ Мамадамбарова, тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон чандин бор дар робита ба ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозпурсӣ шудааст.

Президенти Шӯрои имомати исмоилиҳои Тоҷикистон баландтарин мақом дар байни  тарафдорони ин мазҳаб ба шумор рафта, маҳз президенти Шӯрои имомат аз исмоилиҳои Тоҷикистон дар назди дарбори Оғохон намояндагӣ мекунад.  Оғохон  ҳамин тавр, фармону таълиқаҳои худро ба пайравонаш дар Тоҷикистон  низ тавассути Шӯрои имомат ва ҷамоатхонаҳову халифаҳояш мерасонад.

Беш аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистонро суннитабарони пайрави мазҳаби Ҳанафӣ ташкил медиҳанд, вале аксари сокинон аз тақрибан 250 ҳазор аҳолии Бадахшон пайрави мазҳаби исмоилияанд.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Мамадамбарова ҳоло дар Хоруғ қарор дорад ва дафъаи охир ӯро 8 соат бозпурсӣ кардаанд. Муҳтавои ин бозпурсиҳоро ба сабаби муҳри махфӣ доштани парвандаи ҳаводиси Бадахшон касе шарҳ намедиҳад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи бозҷӯӣ шудани президенти собиқи Шӯрои имомати исмоилиҳо то ҳол изҳори назар накардаанд. Худи Шарофат Мамадамбаров, ки 68 сол дорад ва ду навбат сесолӣ президенти Шӯрои имомати исмоилиҳо интихоб шудааст, низ дар бораи ин қазия чизе нагуфтааст.

Радиои Озодӣ, нахустин манбае, ки аз бозпурсӣ шудани Шарофат Мамадамбарова хабар дод, аз қавли як корманди созмони Оғохон навишт, ки ӯ рӯзҳои 13 ва 14-уми август ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст. Вале манбаи “Бомдод” гуфт, Шарофат Мамадамбарова чанд муддат боз таҳти фишор қарор дорад ва алакй 5 ило 6 бор боз барои бозпурсӣ даъват мешавад.

Шарофат Мамадамбарова  1 июни соли 1954 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, соли 1976 шуъбаи англисии факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёд дар ин донишкада вва дар донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1993 то 2000 дар Донишгоҳи Хоруғ кор карда, аз соли 2000 роҳбарии барномаи “Инсоншиносӣ” -и Бунёди Оғохонро бар уҳда дошт.

Соли 1995, вақте Оғохон бори аввал аз Тоҷикистон боздид кард, яке аз тарҷумонҳои ӯ Шарофат Мамадамбарова буд. Ӯро аз нафарони хеле наздик ба ин раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон ва аз афроди мавриди эътимоди Оғохон ном мебаранд.

 Шарофат Мамадамбарова   соли 1990 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи муқоисаи тарҷумаҳои “Гулистон” –и Саъдии Шерозӣ ба забони англисӣ ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ ва соли 1992 сазовори рутбаи дотсент шудааст.

Шарофат Мамадамбарова  хоҳари Улфатмоҳ Мамадамбарова, як овозхони шинохтаи зодаи Бадахшон аст.  Таронаи “Муҳаббат” дар иҷрои Улфатмоҳ Мамадамбарова, Нуқра Раҳматова ва Майсара Дилдорова яке аз таронаҳои шоҳкори тоҷикӣ дар асри 20 шинохта шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button