ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

БЛОГЕРИ ЗОДАИ БАДАХШОН МАҚСУД ҒАЁСОВ, МУАЛЛИФИ “БОБИНГЕ” ВА “ШОВАЙС” ДАР МАСКАВ ДАСТГИР ШУД (ВИДЕО)

Мақсуд Ғаёсов,  як фаъоли ҷомиаи шарҳрвандӣ, аксбардор ва блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 17 августи соли 2022 дар шаҳри Маскав дастгир шудааст. Телеграм-канали  Pamirdailynews, ки ҳаводиси марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад ва аввалин шуда, хабари боздошти Ғаёсовро нашр кард, ҳадс задааст, ки ӯро шояд алакай ба Тоҷикистон фиритсода бошанд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз як сол пеш нисбат ба Мақсуд Ғаёсов парванда кушода, ӯро як муддат ҳабс ҳам карда буданд.

Pamirdailynews менависад, ки Мақсуд Ғаёсов вақтҳои охир мавқеи комилан бетарафиро ихтиёр карда, дар бораи вазъи Бадахшон изҳори назар намекард.

Мақсуд Ғаёсов дар байни бадахшониҳо бо видеоҳои танзомезаш дар канали Бобинге04 дар Инстаграм ва бо образи танзомези худаш бофта бо номи Шовайс маъруф буд ва аз камбудиҳои мақомоти Бадахшон низ интиқод мекард.

Мақсуд Ғаёсов аксбардору блогери шинохта буда, ҳамчун ризокор низ зиёд фаъол буд. Ӯ аз ҷумла дар рӯзҳои пандемияи коронавирус дар Хоруғ ба ҳайси ризокор ба мардум ва табибон кумак мерасонд ва ҳамроҳ бо блогери дигари бадахшонӣ Комчек Мирзоев масъалаи вазъи ногувори бемористони Хоруғро, ки барои тамоми беморон ҳамагӣ як яхдон дошт, расонаӣ кард. Баъди нашри аксҳо аз бемористон, зодагони Бадахшон як маъракаи саросарии ҷамъоварии кумакҳои хайрия барои бемористони Хоруғро ба роҳ андохтанд.

Мақсуд Ғаёсов  як сол пеш аз раиси вақти Бадахшон Ёдгор Файзов барои ҷалби хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён ба маросими пурдабдабаи пешвозгирии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лаҳни тунд интиқод карда буд ва мақомот ӯро барои таҳқири намояндаи давлат ҳатто ҳабс ҳам карданд. Вале Ёдгор Файзов, ки бо ҳусни таҳаммулаш нисбат ба интиқодҳо маъруф аст, худаш аз мақомот хост, ки блогерро ҷавоб диҳанд ва ҳаёти ин ҷавонро насӯзонанд.

Ӯ баъди озодиаш аз маҳбас ба Маскав рафт ва аз онҷо ҳам ба фаъолияти блогериаш идома дода, бо номҳои мустаор, бахусус баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 аз раиси нави Бадахшон Алишер Мирзонабот ва дигар масъулон интиқод мекард. Троллҳои тарафдори ҳукумат чанд бор таҳдид карда буданд, ки муаллифи он танқидҳо будани Маёсуд Ғаёсовро муайян кардаанд ва беҳтар аст, ки ӯ худаш баргардад ва худро ба мақомот таслим кунад, вагарна аз Маскав бо зӯрӣ оварда хоҳад шуд.

Мақсуд Ғаёсов дар Инстграм канали Бобинге_04ро мечархонд, ки дар он видеоҳои танзомез нашр мекард ва каналаш алакай 47 ҳазор обуначӣ дошт.

Тавре аз видеоҳои ахираш дида мешавад, Мақсуд Ғаёсов вақтҳои ахир дар баёни назар хеле эҳтиёт мекард ва ба танзҳои беозори ғайрисиёсӣ гузашта, асосан байтҳоеро аз ашъори классикон бо каме тағйир оҳанги танз пӯшонда ва низ бо танз қироат мекард.

Охирин видеояшро ӯ рӯзи 17 август, ба эҳтимоли ғолиб, қабл аз боздошташ гузоштааст.

https://www.instagram.com/p/ChUtQFyufW4/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button