ВарзишВидеоНуқтаи назар

8 МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСЛОМИАДА: КОМЁБӢ Ё НИШОНАИ БУҲРОН ДАР ВАРЗИШИ ТОҶИК?

17-уми августи соли 2022 дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия тими дзюдои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Бо ин медал шумораи умумии медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон дар ин Исломиада ба 8 адад расид.
Дар қувваозмоиҳои даставӣ тими дзюдои Тоҷикистон нахуст бо тими Ӯзбекистон бояд сабқат мекард, вале гуштингирони ӯзбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал паҳлавонони тоҷик бар дастаи Сенегал ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз тими Озарбойҷон шикаст хӯрданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюмтими Тоҷикистон тавонист дастаи Қазоқистонро мағлуб кунад ва нишонҳои биринҷии Исломиадаро ба даст биорад.
То имрӯз аз дастаи Тоҷикистон:

  1.  Илдар Аҳмадиев дар мусобиқоти варзиши сабук,
  2. Екатерина Ишенко дар пара-тенниси рӯи миз,
  3. Комроншоҳ Устопириён дар гуштини дзюдо медали нуқра ба даст оварда,
  4. Асламҷон Азизов дар вазни -55кг дар гуштини юнонӣ-римӣ,
  5. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг дар гуштини юнонӣ-римӣ ва
  6. Шодмон Ризоев дар вазни -81кг дар гуштини дзюдо ва
  7. Абубакри Акобир дар вазни -100кг дар гуштини дзюдо ва
  8. Тими дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқоти даставӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ дар Қуния шоми 18-уми август бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои каратэ, камонварӣ ва кикбоксинг анҷом меёбанд. Варзишгарони тоҷик дар варзиши каратэ ба майдон мебароянд.

Шоми 18 август маросими пӯшидашавии Исломиадаи Қуния доир мегардад.
Пас аз натиҷагирии 9 рӯзи мусобиқоти Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра, 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷои сеюм қарор доранд.

Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчии Исломиада дар зинаи 29-ум ҷой гирифтааст.

Назарҳо ба инки тими Тоҷикистон дар Исломиадаи Қуния то кунун 8 медал ба даст овардааст, гуногунанд. Бисёриҳо инро, ба хусус ягон медали тилло нагирифтани варзишгарони тоҷикро аломати буҳрони ҷиддӣ дар варзиши тоҷик мешуморанд ва аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки варзишгарони тоҷик дар Исломиада назар ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ҳатто аз Қирғизистон ба маротиб медали камтар ба даст овардаанд. Чӣ равад ба муқоиса бо Ӯзбекистон, ки аз лиҳози шумори медалҳо дар Бозиҳои Қуния баъди тими мизбон: Туркия зинаи дуюмро ба даст овардааст.

Инҷо назари яке аз мухлисон Mirkhon Husenovро аз саҳифааш дар Фейсбук бознашр мекунем, ки мутолиаи он ва фикр кардан рӯи пешниҳодҳояш, фикр мекунем, холӣ аз фоида нест.

Mirkhon Husenov

ВАРЗИШИ ТОҶИК БЕМОР АСТ, ОНРО ТАБОБАТ БОЯД КАРД!

То анҷоми панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ як рӯзи дигар боқӣ монд. Ҳарчанд ба дил гуфтам, ки то охири Бозиҳо мунтазир бошам, аммо ба қавли сухани маъмул: ”Агар нагӯям мекафам”. Нури чашмони моро тиллои варзишкорон хира кард. Бас, дигар тилло нагиред, барои мо ҳамон нуқраву биринҷӣ аз тилло дида болотар аст. Мо одат кардаем, ки аз мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланд, ҳоло ман намегӯям, ки БҲИ мусобиқае аст, ки беҳтаринҳои ҷаҳон дар он баромад доранд, вале мо агар аз чунин чорабиниҳои варзишии миёнаҳол тилло нагирем, пас чӣ даъвои нишони заррин аз Бозиҳои олимпӣ мекунем. То ба имрӯз ҳамсоякишварҳои мо Ӯзбекистон дар маҷмуъ 121 нишон аз ҷумла 43 тилло, Қирғизистон 28 медал аз ҷумла 8 тилло ба даст овардаанд. Ин шумора ҳар замон дар ҳоли тағйирёбист. Мо бошем, умед аз ҷудокорон доштем, ки онҳо низ тиллоро ба нуқраву биринҷӣ иваз карданд. Ҳол он, ки дар байни варзишгарони намудҳои олимпӣ, ҷудокорону муштзанҳоямон фаъолтаранд, дигарон дар хоби гаронанду кай аз ҷой бармехезанд….? Оё касе ёфт мешавад, ки ба ин суол посух бигӯяд. Дар бораи намудҳои даставӣ чӣ гӯям, ки нагуфтанам беҳтар аст. Даставиҳо дар кишвари мо зери яхи сарди зимистон дармондаанд, як офтоби дурахшон лозим аст, ки онҳо аз зери яхи чандқабата сар ба берун кашанд. Соли 2017 низ дар ин мусобиқа, ки шаҳри Бокуи Озорбойҷон мизбонӣ карда буд, мо тилло нагирифта будем. Бо 4 биринҷӣ қаноат доштем. Тоҷикистон аз ин бозиҳо танҳо як нишони тилло дорад, ки он соли 2005 дар Арабистони Саудӣ аз ҷониби Дилшод Назаров ба даст оварда шудааст. Дар соли 2013 ин чорабинӣ дар Инданезия доир гардид ва Тоҷикистон ё иштирок накарда буд ё умуман медал нагирифта буд.

Ин гуфтаҳо чӣ маънӣ дорад, ҳарчанд мо ҳадс мезанем, ки варзиш дар кишвар рӯ ба рушд дорад, аммо киро фанду фиреб мекунем. Ман мутаассифона баръакси ҳолро мебинам. Агар мо пешрафти соҳаро мушоҳида карда бошем, чаро аз соли 2005 то ин замон як тиллои мо дар БҲИ ду нашуд?

Ба назари банда як чанд омилҳое мавҷуданд, ки ба рушди варзиш дар Тоҷикистон монеъ гаштаанд ва барои натиҷа нишон додан мо бояд ин корҳоро анҷом диҳем.

1. Вақти он расидааст, ки аз сухани хушку холӣ ба амал бигузарем.

2. Дар вазифаҳои калидӣ мутахассисони кордону таҷрибадорро бояд ҷалб кард.

3. Вақти он расидааст, ки аз шумора ба сифат бигузарем ва гуфтаи Фирдавсии бузургро шиор интихоб кунем:

“Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор”.

4. Аз усули тамрин ва омодагии мактабҳои аз замони Шуравӣ меросмонда куллан даст бикашем ва бо методикаҳои муосир сару кор гирем.

5. Якё ду соли омӯзиш барои мураббиёну доварон эълон намоем.

6. Аз баргузории ҷорабиниҳои мухталифе, ки ба чуз аз як ду нафари ҳавасманд дигар ба касе манфиат намеоранд, худдорӣ кунему маблағҳоро дар самти баланд бардоштани такмили ихтисоси мураббиён ва тайёр намудани доварони сатҳи байналмилалӣ сафарбар созем. Ин гуна не, ки як мураббии тоҷик ё довар ба дигараш таълим диҳад, балки аз хориҷ мутахассисони сатҳи баландро ҷалб созем ва мо аз онҳо омӯзем.

7. Машқҳои дастҷамъиро пеш аз оғози мусобиқаҳо бояд анҷом дод, на дар охири сол ба хотири истифодаи маблағҳои ҷудошуда.

8. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар ва Кумитаи миллии олимпӣ аз миёни 10 ҳазор варзишгаре, ки ба қайд гирифтаанд, беҳтарини беҳтаринҳояшро интихоб намуда, ҳади ақал аз ҳар як ришати варзиш якнафариро зери назорати худ бигиранд ва ҷараёни тамринҳои онҳоро контрол намоянд. Вақти варзишгарони касбӣ ва аъзоёни мунтахабро новобаста аз намуди варзишашон бо ташкили машқҳои пагоҳирӯзию дигар ҷамъомаду маҷлисҳо талаф надиҳед ва бигзор зеҳни онҳо танҳо ба тамрину омодагӣ ба мусобиқаҳо банд бошад.

9. Масъулин ва мураббиён бояд аз сухани маъмул, ки хай як бало кун рӯй тобанду пеш аз сафарбар намудан ба чунин мусобиқаҳо барвақтар тиёқашонро ба замин зананд.

10. Охирин пешниҳод он аст, ки баъд аз иштирок дар ҳар як мусобиқа ё бозиҳо саркарда аз роҳбарони Федератсияҳои варзишӣ то Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон Кумитаи милли олимпӣ бояд аз натиҷаи нишондодаи варзишгарон ҳисобот бидиҳанд.

Агар Шумо низ пешниҳоде доред, пас дар шарҳи ин матлаб нависед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button