ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ТАЪЙИНИ 3 МУОВИНИ НАВИ РАИСИ БОНКИ МИЛЛӢ, МУДИРИ НАВИ ТВ “ИЛМ ВА ТАБИАТ” ВА РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНӢ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 августи соли 2022 дар сохторҳои давлатӣ як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дода, барои тасдиқи бархе аз ин тағйирот, аз ҷумла барканории муовини аввал ва муовинони раиси Бонки миллӣ ва таъйини нафарони нав ба ҷои онҳо рӯзи 24 августи соли ҷорӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро даъват кардааст.

Рӯзи 17 август бо фармонҳои президент аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад ва Накхатзода Моҳбону Киромиддин аз вазифаи муовинони раиси Бонки миллӣ озод карда шуда,  бо фармони дигари президент Фирдавс Толибзода билофосила ба мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ пешбарӣ шудааст. Ӯ дар ин мақоми баландтар Ҷамолиддин Нурализода, яке аз домодҳои пурнуфузи президентро иваз мекунад. Нурализода моҳи июни соли ҷорӣ баъди 7 соли кораш аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки миллӣ озод карда шуд. Иллати барканории ӯ то ҳол расман эълон нашудааст ва боиси ба вуҷуд омадани сарусадоҳои мухталиф дар ҷомиа шудааст.

Ҳамин тавр, бо фармонҳои президент Назирӣ Гулбаҳор Назир, Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва Шарифзода Фируз Ҳомиддин  муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шудаанд.

 Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳама фармонҳои марбут ба таъйину барканории раис ва муовинони раиси Бонки миллӣ бояд аз тарафи парлумон баррасӣ ва тасдиқ шаванд.

Ҳамин тавр, рӯзи 17 август бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Хоҷазода Тоҳир Абдулло “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия», Билолзода Умедҷон Ҳайдар аз вазифаи директори генералии ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ»,  Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат»  ва Абдулло Маъруф Баҳрӣ аз вазифаи муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Бо қарорҳои ҳукумат аз 17 августи соли 2022 Насимзода Акбар Ғиёс ва Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовинони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Машраб Қурбоналӣ ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Шарифзода Саймукарам Ислом директори шабакаи телевизионии «Илм ва табиат» таъин карда шудаанд.

Таъиноти кадрӣ  17.08.2022

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми
ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 24 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
2. Ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
– тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
– интихоб ва бозхонди раисони кумитаҳо ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№421

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон озод намудани Толибзода Ф.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Толибзода Фирдавс Назримад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№422

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон озод намудани Накхатзода М.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Накхатзода Моҳбону Киромиддин аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№423

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии
Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№424

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Назирӣ Г.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Назирӣ Гулбаҳор Назир муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№425

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шарифзода Фируз Ҳомиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№426

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
17 августи соли 2022
№427

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №389
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии
таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия»
озод намудани Хоҷазода Т.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хоҷазода Тоҳир Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №390
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти
саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
озод намудани Билолзода У.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Билолзода Умедҷон Ҳайдар аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №391
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони
«Илм ва табиат» озод намудани Исмоилзода З.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №392
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Саридораи бойгонии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Абдулло М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдулло Маъруф Баҳрӣ аз вазифаи муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №393
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Насимзода А.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Насимзода Акбар Ғиёс муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №394
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Муборакқадамзода А.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №396
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи байнидавлатии
таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия»
таъин намудани Файзулло М.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзулло Машраб Қурбоналӣ ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 17 августи соли 2022 №397
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии телевизиони
«Илм ва табиат» таъин намудани Шарифзода С.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Саймукарам Ислом директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button