ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

 ВКД НОМИ МАРДИ ҲАЛОКШУДА ДАР СӮХТОРИ  МОШИНИ БЕНЗИНКАШРО НАШР КАРД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабари сӯхтори маргбор дар нуқтаи  фурӯши сӯзишвории “Соро-Ойл” –ро тасдиқ ва исми марди дар ин ҳодиса ҳалокшударо нашр кард.

Бино ба иттилои ВКД, “шаби 15 августи соли 2022, соати 21:57, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро-Ойл”, воқеъ дар маҳаллаи Даҳанаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳангоми холӣ намудани сӯзишвории навъи бензин ба зарфҳои нигоҳдории сӯзишворӣ бинобар сабаби риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ сӯхтор ба амал омадааст”.

Дар натиҷа, гуфта мешавад дар хабар, нақлиёти сӯзишворикашонӣ ва ошхонаи “Давлатзода”-ро, ки дар шафати нуқтаи фурӯши маводи сӯхт ҷойгир шудааст, оташ фаро гирифтааст.


ВКД гуфт, “дар натиҷаи ин ҳодиса 2 нафар шаҳрванд сӯхтаи бадан гирифта, шаҳрванд Каримов Комилҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Гуфта мешавад, аз ҳисоби коршиносон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, маводи лозима ба додситонии шаҳри Душанбе ирсол гардидаааст ва таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки шаби 15 августи соли 2022, тахминан соати 22:10 бар асари даргирифтани як мошини бензинкаш  дар  канори як нуқтаи сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кӯчаи Заҳматобод, ки дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт кор мекард, ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷамоати Чорбед қаблан ба ноҳияи Варзоб дохил мешуд.

Бино ба гузориши сардори бахши ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Варзоб, як мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” дар ҷамоати Чорбед ба сабабҳои номаълум оташ гирифт. Оташ ба ошхона расидаву ин  биноро пурра ба коми худ кашидааст. Ба иттилои сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда, дар ин сӯхтор як корманди нуқтаи таъмини сӯзишворӣ ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд. 

КҲФ гуфт, шахси фавтида сокини кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, 28 сол доштааст.

Ҷароҳатбардоштагон яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор буда, 45 сол доштааст.

Аввалӣ 92% аъзои баданаш дар ин сӯхтор сӯхтаву дуюмӣ бо 44 дарсад бадани сӯхта бистарӣ карда шудаааст. Вазъи сокини Харангонро духтурон вазнин арзёбӣ мекунанд.

Канали Парвиз ТВ аз маҳалли ин ҳодиса як видео нашр кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button