ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР ОББУРДОНИ МАСТЧОҲ

Субҳи 16 август, соати 10:30, ронандаи “Опел-Астра” дар роҳи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ як зани 52-соларо ҳамроҳи набераи сесолааш пахш кард. Дар натиҷа, кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бибияш ҷароҳат бардоштааст.

хххххххххххх

Сокини 28-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи апрел аз як сокини Душанбе мошини тамғаи «Хендай Элантра»-ро 27 ҳазор доллар харида, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагарди хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

029

16-уми августи соли 2022, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Почоев Баҳромҷон Почододоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдони ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Исломова Марзия, соли таваллудаш 1970-ро, ки бо ҳамроҳии набераи хурдсолаш Исломзода Кибриё Сафиюллоҳ, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи мазкур аз роҳ мегузаштанд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Исломзода К.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва Исломова М. бошад ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Бо роӽи фиреб аз худ намудани автомашина

043

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2022, марди 28-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Хендай Элантра»-ро ба маблағи 27 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаро ба дигар шахс фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button