ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

“ҚОТИЛИ БЕЗАБОН” БОИСИ МАРГИ ДУ САНТЕХНИК ДАР ШАҲРАКИ ЗАФАРОБОД ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 16 августи соли 2022,  тахминан соати 18:50,  дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар шимоли ҷумҳурӣ бар асари заҳролудшавӣ аз гази оксиди карбон ду нафар ба ҳалокат расида, як нафари дигарро дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол додаанд. Табибон вазъи ӯро начандон хуб арзёбӣ мекунанд.

Бино ба гузориши навбатдори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд,  дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо  дар маркази ноҳияи Зафаробод садама рух додааст ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.

Аммо барои фуромадан ба чоҳи канализатсионӣ ҳар се аз партоби гази оксиди карбон шадидан заҳролуд шудаанд. Ду нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст.

“Сабаби ҳодиса дақиқ нест, эҳтимол меравад, ин се корманд бе либоси махсус ва  бидуни омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯбарӯ шуда бошанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Бино ба иттилои расида, яке аз ҳалокшудагон 38 ва дуюмӣ 46 сол дошта, аввалӣ сокини кӯчаи Н.Зарифов ва дуюмӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаанд. Ҳарду оиладор ва соҳиби фарзандон будаанд.

Сеюмӣ, ки ҳамоно дар бемористон бистарист ва табибон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ мекунанд, низ сокини кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаааст.

Сабабҳои ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Гази карбонро, ки аз сабаби пурра насӯхтани анвои мухталифи сӯзишворӣ, аз ҷумла ҳезуму ангишт, газу бензину дизел, ба вуҷуд меояд, “қотили хомӯш”  ё “қотили безабон” ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button