ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДУ БАРОДАРИ БОҚИР БА 8 ВА 28 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААНД

Телеграм-канали  Pamirdailynews, ки ҳаводиси марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, шоми 17 августи соли 2022 бо такя ба манобеаш аз Хоруғ хабар дод, ки додгоҳ Акрам Мамадбокировро, яке аз бародарони Мамадбоқир Мамадбоқиров,  маъруф ба Боқир, лидери ғайрирасмии кушташудаи игн вилоятро ба 8 соли зиндон ва Тоҳир Мамадбоқиров, бародари дигари ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба иттилои ин нашрия, ҳамчунин устоди фанни тарбияи ҷисмонӣ аз маҳаллаи Бархоруғ Мазорбонов Мазорбон ба 8 соли зиндон ва яке аз ёрони наздики Боқир Гулназар Имомёрбеков ба 20 соли зиндон маҳкум шудаанд.

 Дар бораи бо чӣ иттиҳмоти маҳкум ба зиндон шудани ду бародари Боқир ва ду сокини дигари Бархоруғ Pamirdailynews ягон маълумот надодааст.

<script async src=”https://telegram.org/js/telegram-widget.js?19″ data-telegram-post=”pamirdailynews/1175″ data-width=”100%”></script>

Полковники мустаъфии қӯшунҳои марзбонӣ ва собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров  асри 22 майи соли 2022 ба таври мармуз дар мавзеи Бойне дар канори маҳалли зисташ, маҳаллаи Бархоруғ кушта шуд. Тарафдоронаш қатли ӯро кори дасти нирӯҳои давлатӣ меномиданд, вале ВКД Тоҷикистон дар як иттилоияи гуфт, Боқир “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ”  кушта шуд.

Боқир, ки 59 сол дошт, лидери ғайрирасмии аз ҳама пурнуфуз дар Бадахшон ба шумор мерафт. Баъди марги ӯ мавҷи эътирозҳо дар ин вилояти мухтор дар шарқи  Тоҷикистон ба як бор хомӯш шуд. Пас аз кушта шудани Боқир мақомот даҳҳо нафар аз тарафдорон ва хешовандонаш, аз ҷумла бародарон ва ҷиянҳои ин лидери саркашро ба ҳабс гирифтанд.

Халифаи маҳаллаи “Тирчид” (УПД) Музаффар Давлатмиров, ки маросими мотами Боқир ва дигар лидерҳои ғайрирасмии кушташудаи Бадахшон Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро сару бар шуда буд, низ ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Муслим Шерзамонов, ҳамсояи Боқир дар Бархоруғ ва бародари сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Замоне ки Боқир фармондеҳи қисми низомии марзбонӣ дар Мурғоб, дар марз бо Хитой буд, Муслим Шерзамонов  сардори ситоди он қисми ҳарбӣ буд, вале ӯ кайҳо аз хидмати ҳарбӣ канор рафта ва солҳои охир як ширкати хурди сохтмониро дар Хоруғ роҳбарӣ мекард.

Моҳҳои май ва июни соли 2022 мақомоти қудратии Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз силоҳи ҷангӣ ва нирӯ саркӯб карданд. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз 40 нафар кушта шуда, дар умум дар Бадахшон ва берун аз он ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтор дастгир шуданд. Аз ҷумла аз 12 лидери ғайрирасмии фаъоли Бадахшон 3 нафараш (Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов)  дар Хоруғ кушта шуда, дигарон, аз ҷумла генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков, бародари хурдии фармондеҳи машҳури нирӯҳои худдифои Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдуламон Аёмбеков, маъруф ба Лёша-Горбун,  ба ҳабс гирифта шуданд.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ ба зидди эътирозгарони осоишта аз силоҳи ҷангӣ истифода бурданд. Мақомот инро рад мекунанд ва меӯянд, дар ҷараёни “амалиёти ҳарбӣ” танҳо аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гуруҳҳои террористиву ифротӣ боздошт ё безарар гардонда шуда, касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст.

Вале созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла парлумони Аврупо ин иддаои мақомоти Тоҷикистонро қабул надоранд ва ба таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Бадахшон ва таъмини дастрасии озодонаи созмонҳои башарӣ ва ҳомии ҳуқуқ ба маҳалли муноқиша даъват мекунанд. Дар Душанбе даъват ба таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Бадахшонро рад мекунанд,

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button