Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ ДУ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ БАРОИ НАШРИ АКСУ ВИДЕОҲОИ БАДНОМКУНАНДА, ҶАРИМАИ ЯК ФОЛБИН ВА…

Дар Душанбе ду духтари ноболиғи 15 ва 16-соларо барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани аксу наворҳои бадномкунанда дастгир кардаанд. Азбаски ҳарду ноболиғанд, мақомот нисбат ба волидони онҳо протокол тартиб дода, духтаронро огоҳии қатъӣ додаанд, ки дигар даст  ба чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ назананд.

ххххххххххх

Сокини 35-солаи ноҳияи Нурободро дар Душанбе барои он дастгир кардаанд, ки мошини тамғаи «Порше», рақами қайди давлатиаш 0070ON01-ро бо плёнкаи махсус рӯйпӯш карда буд.

ххххххххххххх

Як духтари 18сола аз Ваҳдат дар кӯчаҳои Душанбе худро бардурӯғ маъюб нишон дода, аз раҳгузарон пул металбидааст. Милитсия гуфт, Наскакова Сафина дар асл тану бозуи солим дошта, танҳо бо мақсади ҷамъоварии маблағ даст ба ин амали нангин задааст.

ххххххххххххх

Сокини 50-солаи кӯчаи Мушфиқии пойтахт Нуралиева Мунавварро барои дар хонааш ба сеҳру ҷодугарӣ машғул шудан 2560 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти РВКД Душанбе аз 17 августи соли 2022

Паҳн намудани аксу наворҳои бадномкунанда аз ҷониби ду духтари ноболиғ

Паҳн намудани аксу наворҳои бадномкунанда аз ҷониби ду духтари ноболиғ

  Дар асоси муроҷиати як нафар сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ду нафар ноболиғ, духтарони 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани аксу наворҳои бадномкунанда дастгир карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи махсус кушода, бо паҳн намудани аксу наворҳои дигар ҷавондухтарон аз онҳо маблағҳои пулӣ талаб мекардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур бинобар сабаби ноболиғ будани дастгиршудагон нисбати волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Ҷаримабандии ронандаи «Порше» барои рӯйпуш намудани нақлиёт бо плёнкаи махсус

Ҷаримабандии ронандаи «Порше» барои рӯйпуш намудани нақлиёт бо плёнкаи махсус

  Истифода ва насби ҳама гуна дастгоҳҳои махсуси равшанидиҳандаву садодиҳанда ва рангу бори ғайристандартӣ, ки танҳо барои воситаҳои нақлиёти махсус нигаронида шудааст, дар автомашинаҳои шахсӣ қатъиян манъ аст. Мутаассифона баъзе аз ҷавонон танҳо бо мақсади худнамоӣ ва нишон додани бартарият нисбат ба дигарон дар нақлиёти худ дастгоҳҳои садодиҳандаву равшанидиҳанда ва плёнкаҳои махсусро насб намуда, бо ин тартиб меъёру талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд.


  Аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи «Порше», рақами қайди давлатиаш 0070ON01, шаҳрванд Юсуфов Исфандиёр Абдуқаҳҳорович, соли таваллудаш 13.08.1987, истқоматкунандаи ноҳияи Нуробод бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ амал намуда, нақлиёти худро бо плёнкаи махсус рӯйпуш намудааст.


  Ин амали номбурда аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ошкор карда шуда, нақлиёт ва худи ронанда ба майдончаи ҷаримавӣ дастрас карда шуд.
  Дар натиҷа нисбати ронанда-Юсуфов Исфандиёр протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолати қоидавайронкунӣ пурра бартараф карда шуд.

Боздошти ҷавондухтари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

Боздошти ҷавондухтари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия қаблан дар чандин маврид асосан ҷавонписароне, ки худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, махсусан дар байни роҳи мошингард ба табандагӣ машғул буданд, дастгир ва нисбаташон чораҳои таъсиррасонии қонунӣ андешида шудаанд. Аммо ин навбат дар натиҷаи мушоҳидаҳои оперативӣ ду нафар ҷавондухтар, ки дар асл ҷисми солиму бозӯи неруманд доранд ва танҳо бо мақсади ба даст овардани мабағ худро маъюб вонамуд месозанд муайян ва дастгир карда шуданд.


  Зимни санҷиш ошкор гардид, ки шаҳрванд Наскакова Сабрина соли таваллудаш 15.03.2000, хешованди худ-Наскакова Сафина соли таваллудаш 15.02. 2004 истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдатро дар роҳи нақлиётгард маъюб вонамуд сохта, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекарданд.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки Наскакова Сафина дар асл тану бозуи солим дошта, танҳо бо мақсади ҷамъоварии маблағ даст ба ин амали нангин задааст. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд шаҳрвандону роҳгузарон низ ба ин макру ҳилаи онҳо бовар намуда, ба номбурдагон маблағҳои гуногуни пулӣ медиҳанд.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда, бо мақсади минбаъд ба чунин амали нагин даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Боздошти боз як фолбинзан

Боздошти боз як фолбинзан

  Эътимод ба фолбинону ҷодугарон ва аз онҳо талаб намудани кумак баҳри пешрафти кору фаъолият, ҷустани дармони дард ва амалисозии дигар хоҳишоти инсонӣ нишондиҳандаи сатҳи маърифатнокии чунин афрод мебошад. Гарчанде ҳилаву макр ва ботил будани афсункориҳои ҷодугарону фолбинҳо кайҳо ошкору маълум гардида бошанд, ҳам вале маҳз эътимоди баъзе аз шаҳрвандони гумроҳ боиси аз байн нарафтани ин тоифа гардидааст.
  Мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ҷодугарону фолбинҳо пайваста рейду амалиётҳо гузаронида, чеҳраи чунин афродро ба мардум мешиносонад, то ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.
  Аз ҷумла, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативию санҷишӣ, шаҳрванд Нуралиева Мунаввар Вайсиддиновна соли таваллудаш 25.05.1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқиро дастгир намуданд, ки номбурда дар манзили истиқоматии худ бо истифода аз ҳар гуна ашёҳо ба сеҳргариву ҷодугарӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда дар асоси моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба миқдори 2560-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button