ВидеоНуқтаи назарҲуқуқи инсон

АЗ ҲАМЛА БА МИЛИСА ТО ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ: ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ДОДГОҲ РАФТ

Масъулони додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рнӯзи 17 августи соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба ин додгоҳ супурда шудааст. Ба гуфтаи масъулини додгоҳи Шоҳмансур, “парвандаро ҳамин рӯз гирифтем, ҳанӯз рӯзи аввали мурофиа маълум нест.”

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ,  мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2).  Барои таҳқири намояндаи давлат  ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигор ва аксбардори хабаргузории мустақили “Азия Плюс”, рӯзи 15 июни соли 2022, чанд соат баъди ҳунарпеша ва журналисту блогери шинохта Далери Имомалӣ, ки бо ӯ ҳамкорӣ дошт, дастгир шуд. Ибтидо гуфта мешуд, ки гӯё Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди онки ӯро дар ШВКД ноҳияи Шоҳмансур бозпурсӣ карда, ҷавоб доданд, ҳангоми баромадан аз бино ба як корманди милиса ҳамла кардааст.

Баъди чанд рӯз сару садое бархост, ки гӯё мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) айбдор мекунанд.

Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ин иттиҳомотро рад мекунад ва гуфтааст, ки на корманди милисаро латтукӯб ё таҳқир карда буд ва на иртиботе бо ҲНИТ дорад. Намояндагони ҲНИТ, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар хориҷ аз кишвар ва асосан дар Аврупо амал мекунад, низ ҳар навъ иртиботи Ғурбатӣ ва дигар журналистону блогерҳои дар ин авохир дастгиршуда бо ин ҳизби оппозитсиониро рад карда, баҳонаи беасосе дар дасти мақомот барои саркӯби журналистони озодандеш меноманд.

Дар ҳамин ҳол, Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта мешавад, ки ин рӯзноманигорро дар боздоштгоҳ дида наметавонанд.

“Ду ҳафта шуд, ки барои вохӯрӣ меравам, вале додситон иҷозат намедодааст. Муфаттиш гуфт, рӯзи қабул равам, шояд иҷозат медиҳад. Лекин ду бор дар рӯзи қабул рафтам, додситон набуд. Дирӯз додситон иҷозатнома дод, вале вақте рафтам, гуфтанд, ки парванда ба додгоҳ рафтааст ва танҳо бо иҷозаи додрас метавонам, бо шавҳарам вохӯрам”, нақл кардааст Мубораки Қосим аз саргардониҳояш. Гуфтанист, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз ҳабсаш соҳиби фарзанд шуда буд ва ҳамсараш ҳоло тифли ширмак дар даст идора ба идора мегардад, то иҷозати мулоқот бо ӯро ба даст биорад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ  бо Далери Имомалӣ ҳамкорӣ дошт. Видеоҳое, ки онҳо пиромуни масоили доғи Тоҷикистон таҳия мекарданд, дар Ютуб ва дигар шабакаҳои интернетӣ садҳо ҳазор тамошобин ҷамъ меовард ва қабл азх ҳабсаш шумораи корбарони канали Далери Имомалӣ дар Ютуб ба 150 ҳазор нафар расида буд.

Аз миёнаҳои моҳи май то аввалҳои моҳи июл, дар байни камтар аз ду моҳ дар Тоҷикистон дастикам 6 журналисту блогер ба ҳабс гирифта шуданд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва ҳомии озодии матбуот, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Хушом Гулямро озод карда, ба таъқиби журналистон ва кӯшишҳои бо таҳдиду тарсу ба зиндон андохтан бастани даҳони матбуот хотима диҳанд. Душанбе ба ин даъватҳо то ҳол вокунише накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button